Вазорат рад кард. Дар Тоҷикистон барои коронавирус эмгузаронӣ нест

Вазорати тандурустӣ сару садоҳо дар бораи эмгузаронӣ зиддӣ коронавирусро бепоя медонад. Дар ин ниҳод ба “Азия – Плюс” хабар додаанд, ки Тоҷикистон воксини зидди бемории коронавирусро аз Русиия  ворид накардааст ва овозаҳое, ки сокинон эм карда мешаванд асос  надоранд. “Ҳеҷ нафареро зиди бемории коронавирус эм накардаанд ва ин гуфтаҳо иштибоҳанд. Масъалаи вуруди воксини Русия ба […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вазорати тандурустӣ сару садоҳо дар бораи эмгузаронӣ зиддӣ коронавирусро бепоя медонад. Дар ин ниҳод ба “Азия – Плюс” хабар додаанд, ки Тоҷикистон воксини зидди бемории коронавирусро аз Русиия  ворид накардааст ва овозаҳое, ки сокинон эм карда мешаванд асос  надоранд.

“Ҳеҷ нафареро зиди бемории коронавирус эм накардаанд ва ин гуфтаҳо иштибоҳанд. Масъалаи вуруди воксини Русия ба Тоҷикистон низ ҳоло маълум нест”,-гуфтанд аз Вазорати тандурустӣ.

Вазорати тандурустӣ дар ҳоле чунин мегӯяд, ки дар саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ навиштаи эмгузаронии афроди то синни 15-сола аз коронавирус паҳн гардидааст, ки сару садоҳи зиёдеро ба бор овардааст.

Дар гурӯҳи фейсбукии “Врачи Таджикистан” Елена Трушкова  навиштааст,   ки “ҳамшираи шафқат аз беморхонаи ҷойи зист ба онҳо гуфтааст, ки бояд аз бемории коронавирус нафарони то 15-сола эм карда шаванд.  Вале мо рад кардем ва аз худи ҳамшираи шафқат дар бораи он пурсон шудем. Ӯ ба мо ҷавоби дақиқ дода натавонист. Оё касе гуфта метавонад, ки ин чӣ гуна воксин аст? “ – навиштааст ин зан.

Зери ин матн афроди зиёде назари худро навишта, баҳс кардаанд. Яке аз корбарони шабакаи иҷтимоӣ дар зери навиштаи муаллиф қайд кардааст, “ҳафтае 2 ё 3 маротиба ҳамшираи шафқат ё табиби оилавӣ хона ба хона гардиш намуда аз ҳоли беморон хабар мегиранд, вале дар бораи эмгузаронӣ ҳарфе нагуфтаанд”. Каси дигаре навиштааст, ки “эҳтиёткор бошанд ва ба ҳар гуна ҳарфҳои ба ном табибон бовар накунанд”.

Бисоро Маматқулова, шарҳнависи дигар дар зери ин фириста (пост) менависад, ки аслан ин кори қаллобон аст, чунки ба Тоҷикистон воксин то ҳол ворид нашудааст. “Дар Тоҷикистон аз куҷо воксин аст? Ин кори қаллобон аст, ки намедонанд бо кадом роҳ аз мардум маблағ биситонанд”.

Дар дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ 23 сентябр ба "Азия-Плюс" гуфта буданд, ки воксини Русия то ба ҳол ҳамаи марҳилаҳои озмоишҳои клиникиро нагузаштааст. Тоҷикистон танҳо баъди гузаштани ин марҳилаҳо бо ҷониби Русия барои дарёфти ин воксин вориди гуфтугӯ мешавад.

“Тавре шумо медонед, воксини Русия аз тамоми марҳилаҳои озмоишҳои клиникӣ нагузаштааст. Вақте ки ҳамаи марҳилаҳоро мегузаранд ва самаранокии воксин исбот мешавад, мо гуфтушунидҳо оид ба харидориро оғоз мекунем. Дар ҳоли ҳозир, ин масъала баррасӣ намешавад”, – гуфта буд масъули дафтари матбуоти вазорат.

Ёдрас мешавем, ки моҳи майи соли 2020, “Авифавир” шаҳодатномаи бақайдгирии Вазорати тандурустии Русияро гирифт ва ба гуфтаи Вазорати тандурустии ин кишвар аввалин доруи дар ҷаҳон тавлидшуда барои табобати COVID-19 гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.