Ҳалокати навраси 16-сола дар Сангвор ҳангоми ангиштканӣ

Сокини ноболиғи ноҳия Сангвор дар шарқи Тоҷикистон ҳангоми истихроҷи худсаронаи ангишт ҳалок шуд. Ҳодиса рӯзи 27 октябр рух дод. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, се нафар бародарон (соли таваллудашон 1989, 1990 ва 2003-юм), сокинони деҳаи Дараи Хайрони ҷамоати деҳоти Сангвор бо мақсади худсарона кандани ангишт дар кони “Заки-шулхи” воқеъ дар наздикии […]

Сокини ноболиғи ноҳия Сангвор дар шарқи Тоҷикистон ҳангоми истихроҷи худсаронаи ангишт ҳалок шуд. Ҳодиса рӯзи 27 октябр рух дод.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, се нафар бародарон (соли таваллудашон 1989, 1990 ва 2003-юм), сокинони деҳаи Дараи Хайрони ҷамоати деҳоти Сангвор бо мақсади худсарона кандани ангишт дар кони “Заки-шулхи” воқеъ дар наздикии деҳаи Саркорони ҷамоати деҳоти Сангвор ба кор оғоз мекунанд.

“Ҳангоми кор бо сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ онҳо зери сангреза мемонанд, ки дар натиҷа навраси 16-сола ба ҳалокат расидааст”, – омадааст дар маълумоти Кумита.

Гуфта мешавад, кормандони шуъбаи Кумита дар ноҳияи Сангвор ва намояндагони ШВКД дар ноҳия ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади наврасро аз зери сангҳо берун ва ба пайвандонаш супурдаанд.

Дар ин робита Кумита аз волидони ноболиғон даъват мекунад, ки фарзандонашонро аз дучор шудан ба ҳодисаҳои ногувор эмин нигоҳ дошта, ҳаёти онҳоро зери хавфу хатар нагузоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.