Боз як намояндаи ҲХДТ пеш аз муҳлат парлумонро тарк кард

Ӯ вакили сеюм аст, ки пеш аз муҳлат парлумони Тоҷикистонро баъди интихоботи дар моҳи март доиргардида тарк кард. Роҳбари Комиссияи экологии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ аз ҳавзаи интихоботии Деваштич Зуфар Исмоилзода дар робита ба таъин шудан ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ваколатҳои худро дар парлумон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ӯ вакили сеюм аст, ки пеш аз муҳлат парлумони Тоҷикистонро баъди интихоботи дар моҳи март доиргардида тарк кард.

Роҳбари Комиссияи экологии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ аз ҳавзаи интихоботии Деваштич Зуфар Исмоилзода дар робита ба таъин шудан ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ваколатҳои худро дар парлумон супурд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ хабар дод.

Ёдрас мекунем, ки бо сабаби ба вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудан, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон, вакил аз ҲХДТ Ҳоким Холиқзода низ ҳайати парлумонро тарк кард. Нимаи моҳи ноябр бо фармони президент ӯ раиси Бонки миллӣ таъин шуд.

Ҳоким Холиқзода аз ҳавзаи интихоботии Балхӣ вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда буд.

Намояндаи дигари ҲХДТ Бахтовар Сафарзода аввали моҳи октябр намояндаи домии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ таъин шуда, бо ин сабаб мувофиқи меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ, ваколатҳои намояндаи мардумӣ дар парлумонро супурд.

Сафарзода соли ҷорӣ аз ҳавзаи интихоботии Вахш вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ интихоб шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.