Ба кадом бонки Тоҷикистон бештар эътимод доред? (назарпурсӣ)

Айни замон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 75 ташкилоти қарзӣ амал мекунанд: 19 бонк, 18 ташкилоти қарзии амонатгузории хурд, 5 ташкилоти қарзии хурд, 27 фондҳои қарзии хурд. То буҳрони соли 2014 дар ҷумҳурӣ 137 ташкилоти қарзӣ амал мекарданд. Маҳз баъди ин буҳрон чанде аз бонкҳои кишвар дар ҳолати душвор қарор гирифта, муфлис ва баста шуданд. Саҳмгузорони баъзе бонкҳо […]

Айни замон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 75 ташкилоти қарзӣ амал мекунанд: 19 бонк, 18 ташкилоти қарзии амонатгузории хурд, 5 ташкилоти қарзии хурд, 27 фондҳои қарзии хурд. То буҳрони соли 2014 дар ҷумҳурӣ 137 ташкилоти қарзӣ амал мекарданд.

Маҳз баъди ин буҳрон чанде аз бонкҳои кишвар дар ҳолати душвор қарор гирифта, муфлис ва баста шуданд. Саҳмгузорони баъзе бонкҳо то имрӯз ҳам пулҳои худро гирифта наметавонанд. Дар ин робита афзоиши нобоварӣ ба бонкҳо дар кишвар қайд мешавад.

Раиси нави Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ният дорад, ки эътимоди саҳмгузоронро ба бонкҳои кишвар баргардонида, устувории арзи миллиро нигоҳ дорад. Алҳол маълум нест, ки чӣ гуна тағйирот сурат мегираду то куҷо ба ин муваффақ мегарданд.

Тасмим гирифтем, бифаҳмем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба кадом бонкҳо бештар эътимод доранд.

 

 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.