Номи ҷамоати Шитхарви ноҳияи Ишкошим иваз мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон ба палатаи болоии парлумон пешниҳод кардааст, ки номи ҷамоат дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ иваз шавад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, аъзои Маҷлиси миллӣ ба ивази номи ҷамоати Шитхарв дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ ба ҷамоати Вахон розигӣ дода метавонанд. Нимаи дуюми имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи болоии […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ба палатаи болоии парлумон пешниҳод кардааст, ки номи ҷамоат дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ иваз шавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, аъзои Маҷлиси миллӣ ба ивази номи ҷамоати Шитхарв дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ ба ҷамоати Вахон розигӣ дода метавонанд.

Нимаи дуюми имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумон Рустами Эмомалӣ иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир мегардад.

Ба ҷуз масъалаи дар боло зикршуда, аъзои Маҷлиси миллӣ масъалаи тағйироти кадриро дар Суди Олӣ ва Суди конститусионӣ, ки аз ҷониби президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудаанд, низ баррасӣ мекунанд.

Президент ба аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳод намудааст, ки судяи Суди конститутсионӣ Даврон Ҳошимзода, судяҳои Суди Олӣ Бахтулло Раҳматуллозода ва Давлатмо Додихудозода аз мансабҳояшон бозхонд карда шаванд.

Манбаъ дар парлумон сабаби пешниҳоди сарвари давлатро дар бораи бозхонд шудани онҳо шарҳ надод.

Ғайр аз ин, имрӯз аъзои Маҷлиси миллӣ зиёда аз 20 тағйироту идоваҳоро ба қонунҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ки қаблан аз ҷониби вакилони палатаи поёнии парлумон тасдиқ шуда буд, низ баррасӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?