Ду бозигари мунтахаби футболи Тоҷикистон ба дастаҳои Ӯзбекистон ва Малайзия гузаштанд

Date:

Ҳамлагари мунтахаби футболи Тоҷикистон ва тими “Истиқлол”-и Душанбе Шериддин Бобоеви 21-сола минбаъд дар дастаи “Пенанг” дар Суперлигаи Малайзия ҳунарнамоӣ мекунад.

Худи Шериддин Бобоев дар саҳифааш дар Instagram тасдиқ кардааст, ки ояндаи наздик барои имзои қарордод бо ин даста ба Малайзия меравад.

Маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон ва капитани дастаи “Хатлон”-и Бохтар Умарҷон Шарипов низ дар мавсими соли 2021 дар ҳайати дастаи Суперлигаи Ӯзбекистон – “Тӯрон” (Яйпан) бозӣ хоҳад кард, ки бори аввал ба Лигаи олии футболи ин кишвар роҳхат гирифтааст.

Раиси дастаи “Хатлон” Исроил Шарипов гузаштани футболбозро ба ин даста тасдиқ намуда, изҳор дошт, ки “Тӯрон” бо Умарҷон Шарипов ба муҳлати як сол қарордод ба имзо расонидааст.

Нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи 2 январ ба ҳайати тими нави худ ҳамроҳ мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Умарҷон Шарипов

Дар мавсими соли 2020 Умарҷон Шарипов дар ҳайати “Хатлон” ба задани 5 тӯб дар Чемпионати Тоҷикистон ноил гардид. Моҳи сентябри соли гузашта дар вохӯрӣ бо мунтахаби Ӯзбекистон (1:2) ӯ бозии аввалини худро дар тими мунтахаб гузаронид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...