Эмомалӣ Раҳмон имсол паём намедиҳад

Имсол Эмомалӣ Раҳмон дар порлумони кишвар паём намедиҳад. Паёми  раисҷумҳури Тоҷикистон ба порлумон дар назар аст, ки моҳи январи соли 2021 сурат бигирад, мегӯяд як манбаъ ба "Азия-Плюс" аз ҳукумати кишвар. Бояд гуфт, ки сар аз соли 2015 ба ин сӯ, президенти кишвар охирҳои моҳи декабри ҳар сол паёми худро ба Маҷлиси Олии кишвар ироа […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Имсол Эмомалӣ Раҳмон дар порлумони кишвар паём намедиҳад. Паёми  раисҷумҳури Тоҷикистон ба порлумон дар назар аст, ки моҳи январи соли 2021 сурат бигирад, мегӯяд як манбаъ ба "Азия-Плюс" аз ҳукумати кишвар.

Бояд гуфт, ки сар аз соли 2015 ба ин сӯ, президенти кишвар охирҳои моҳи декабри ҳар сол паёми худро ба Маҷлиси Олии кишвар ироа мекард. 

Ба гуфтаи манбаъ, далели ба моҳи январ вогузор кардани замони ироаи паём ба он вобаста аст, ки дар моҳи январи 2021 ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат сурат мегирад, ки дар он аз соли гузашта натиҷагирӣ ва ҳамчунин барномаву ҳадафҳои соли нав баррасӣ мешаванд. 

Паёми президент ва ҷаласаи ҷамъбастӣ пайи ҳам дар фосилаи як ду рӯз баргузор мешаванд. 

Раисҷумҳури Тоҷикистон замони ироаи паёми худ, маъмулан самтҳои асосии сиёстаи дохилуву хориҷро мушаххас мекунад. 

Ҳамасола ба ҷуз вакилону аъзои Маҷлиси Олӣ, ҳамчунин  раҳбарони вилояту шаҳру ноҳияҳо, вазорату ниҳодҳои кишвар, ходимони илму фарҳанг, намояндаҳои дипломатии муқими кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ низ даъват мешаванд. 

Кормандони ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва хонандаҳои синфҳои болоии мактабҳо ҳамсола паёми Эмомалӣ Раҳмонро дар толорҳои муассисаҳояшон гӯш мекунанд. 

Ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизиониву радиоии кишвар маросими ироаи паёмро ба таври зинда нашр мекунанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио