Сироҷиддин Муҳриддин: Тоҷикистон фазои ҷорӣ дар Афғонистонро аз наздик дунбол мекунад

Date:

Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти имрӯзаш бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси Шӯрои оли мусолиҳаи миллии Афғонистон гуфтааст, ки Тоҷикистон фазои ҷорӣ дар Афғонистон ва минтақаро аз наздик дунбол мекунад.

Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин дидор Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, ки муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва шарокат байни ду кишвари ҳамҷавор ва ҳамзабон имкон медиҳад, ки Душанбе ва Кобул дар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи яксон ё наздик дошта бошанд.

"Тоҷикистон кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ мекунад. Дар ин робита, ҷониби Тоҷикистон аз раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ дар Давҳа истиқбол мекунад. Ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки музокироти сулҳи байниафғонӣ заминаи муҳкамро барои барқарорсозии сулҳу оромӣ дар кишвари азияткашида гузорад",-гуфтааст вазири корҳои хорҷии Тоҷикистон.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ин дидор гуфтааст, ки сулҳи боиззат, пойдор ва одилона дар Афғонистон ба нафъи минтақа ва ҷаҳон аст ва бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи Тоҷикистон дар арсаи сулҳ хоҳони идомаи ҳамкорӣ ва ҳимояти Тоҷикистон аз талошҳои сулҳ дар кишвар ҳастем,-менависд раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар саҳфаи расмии фейсбукияш.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо як сафари дурӯза дар Тоҷикистон қарор дорад. Ӯ имрӯз ҳамчунин бо раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода низ дидор дошт. 

Қарор аст фардо, 22-юми декабр бо Эмомалӣ Раҳмон дидор кунад. Абдуллоҳ Абдуллоҳ қабл аз сафараш дар саҳфаи расмии фейсбукаш навишта буд, ки ин сафараш бо даъвати расмии ҷониби Тоҷикистон сурат мегирад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related