Сироҷиддин Муҳриддин: Тоҷикистон фазои ҷорӣ дар Афғонистонро аз наздик дунбол мекунад

Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти имрӯзаш бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси Шӯрои оли мусолиҳаи миллии Афғонистон гуфтааст, ки Тоҷикистон фазои ҷорӣ дар Афғонистон ва минтақаро аз наздик дунбол мекунад. Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин дидор Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, ки муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва шарокат байни ду кишвари ҳамҷавор ва ҳамзабон имкон медиҳад, […]

Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти имрӯзаш бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси Шӯрои оли мусолиҳаи миллии Афғонистон гуфтааст, ки Тоҷикистон фазои ҷорӣ дар Афғонистон ва минтақаро аз наздик дунбол мекунад.

Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин дидор Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, ки муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва шарокат байни ду кишвари ҳамҷавор ва ҳамзабон имкон медиҳад, ки Душанбе ва Кобул дар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи яксон ё наздик дошта бошанд.

"Тоҷикистон кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ мекунад. Дар ин робита, ҷониби Тоҷикистон аз раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ дар Давҳа истиқбол мекунад. Ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки музокироти сулҳи байниафғонӣ заминаи муҳкамро барои барқарорсозии сулҳу оромӣ дар кишвари азияткашида гузорад",-гуфтааст вазири корҳои хорҷии Тоҷикистон.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ин дидор гуфтааст, ки сулҳи боиззат, пойдор ва одилона дар Афғонистон ба нафъи минтақа ва ҷаҳон аст ва бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи Тоҷикистон дар арсаи сулҳ хоҳони идомаи ҳамкорӣ ва ҳимояти Тоҷикистон аз талошҳои сулҳ дар кишвар ҳастем,-менависд раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар саҳфаи расмии фейсбукияш.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо як сафари дурӯза дар Тоҷикистон қарор дорад. Ӯ имрӯз ҳамчунин бо раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода низ дидор дошт. 

Қарор аст фардо, 22-юми декабр бо Эмомалӣ Раҳмон дидор кунад. Абдуллоҳ Абдуллоҳ қабл аз сафараш дар саҳфаи расмии фейсбукаш навишта буд, ки ин сафараш бо даъвати расмии ҷониби Тоҷикистон сурат мегирад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.