Кэшбэк чист ва чӣ фоида дорад?

Кэшбэк – бозгашти фоизи муайян аз арзиши мол мебошад. Он аз калимаи англисии "cash back" сарчашма гирифта маънои бозпас гардонидани пули нақд мебошад. Истилоҳи мазкур дар соҳаҳои тиҷорати онлайнӣ, бонкдорӣ ва бозиҳо ҳамчун нишонаи як намуди барномаи бонусӣ барои ҷалби мизоҷон истифода мешавад. Масалан, агар Шумо бо истифода аз 10% кэшбэк ҳангоми хариди планшет ба […]

"Се нуқта"

Кэшбэк – бозгашти фоизи муайян аз арзиши мол мебошад. Он аз калимаи англисии "cash back" сарчашма гирифта маънои бозпас гардонидани пули нақд мебошад.

Истилоҳи мазкур дар соҳаҳои тиҷорати онлайнӣ, бонкдорӣ ва бозиҳо ҳамчун нишонаи як намуди барномаи бонусӣ барои ҷалби мизоҷон истифода мешавад.

Масалан, агар Шумо бо истифода аз 10% кэшбэк ҳангоми хариди планшет ба маблағи 1500 сомонӣ, метавонед 150 сомонии худро бозпас гиред. Планшет ба Шумо 1500 сомонӣ неву, 1350 сомонӣ меафтад.

Дар Тоҷикистон истифода аз хизматрасонии кэшбэк чанд соли охир ривоҷ пайдо кард, дар ҳоле ки дар дигар кишварҳои пешрафта ба монанди ИМА, Аврупо, Русия ин як амали маъмулӣ шудааст.

Дар Тоҷикистон ширкатҳои мобилӣ ва бонкҳо ба мизоҷони худ тариқи ҳамёнҳои электронашон аз 5 то 50% кэшбэк пешниҳод мекунанд.

Кадом ширкатҳо дар Тоҷикистон кэшбэк пешниҳод мекунанд?

Ширкатҳои “Алиф бонк”, Тселл, Вавилон-мобайл, Мегафон, Хумо, Комерсбонк ва ғайраҳо барои истифода ва пардохти харидҳо тариқи ҳамёнҳои электрониашон кэшбэкҳоро бо фоизҳои гуногун пешниҳод мекунанд.

Бо QR-код тариқи ҳамёни электронии Alif mobi харидҳои худро пардохт намуда соҳиби кэшбэкҳо мешавед, яъне як қисми маблағи сарфшударо бармегардонед. Ҳангоми пардохт бо истифодаи QR-код, ба Шумо 0,5% кэшбэк аз маблағи пардохт барои ҳама молҳо ва хидматҳо пешниҳод карда мешавад.

Ҳангоми пардохти молҳо ва хидматрасониҳои шарикони "Алиф Сармоя", ки рӯйхати онҳо дар ҳамёни электронии Alif mobi мавҷуд аст, кэшбэк то 40% мерасад.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ! таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ! дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонедБидон, чиро мебинӣ!

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.