Локдаун чиро ифода мекунад?

«Локдаун» lockdown аз ҷониби луғати бонуфузи Коллинз (Collins English Dictionary) Калимаи англисии соли 2020 дониста шуд. Дар робита бо пандемияи Covid-19 истифодаи ин истилоҳи нисбатан нодир дар расонаҳои англисизабон ва дар интернет аз 4000 дар соли 2019 ба 4 миллион афзоиш ёфтааст. Ҳамин тавр мутахассисони Коллинз ба калимаи "Локдаун", ки пештар маънои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои […]

"Се нуқта"

«Локдаун» lockdown аз ҷониби луғати бонуфузи Коллинз (Collins English Dictionary) Калимаи англисии соли 2020 дониста шуд.

Дар робита бо пандемияи Covid-19 истифодаи ин истилоҳи нисбатан нодир дар расонаҳои англисизабон ва дар интернет аз 4000 дар соли 2019 ба 4 миллион афзоиш ёфтааст.

Ҳамин тавр мутахассисони Коллинз ба калимаи "Локдаун", ки пештар маънои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои шадид барои ҳаракат, тамосҳои иҷтимоӣ ва дастрасӣ ба ҷойҳои ҷамъиятиро дошт маънои нав илова намуданд:

“Чораи маҳдудкунандаи ҳукуматҳо барои маҳдуд кардани паҳншавии COVID-19”.

Луғати англисии Collins (Collins English Dictionary) аз ҷониби нашрияи HarperCollins аз соли 1979 инҷониб нашр мешавад. Аз он вақт инҷониб, 13 нусхаи ислоҳшудаи луӯат аз чоп баромада, аз соли 2011 инҷониб луғат дар Интернет дастрас аст.

Ҳар сол мутахассисони таҳририя бо истифода аз компютерҳо массиви тақрибан 4,5 миллиард калимаро таҳлил мекунанд ва "калимаи сол" -ро, ки дар забони ҳама буд, муайян мекунанд. Калима бояд нав бошад, ё ки истифодаи он якбора афзуда бошад.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ! таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ! дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонедБидон, чиро мебинӣ!

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.