Суғд: ситондани 6 млн қарзи барқу ҷарима дар 12 рӯз

Тӯли 12 рӯз дар шимоли Тоҷикистон аз муштариёни шабакаҳои барқ 6 млн 721 ҳазору 258 сомонӣ маблағҳои қарзи барқ ситонида шуда, 982 қонунвайронкуниҳо дар кори истифодаи барқ ошкор шудааст.  Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, ин натиҷаи фаъолияти 89 гуруҳи кории созмонёфта аст, ки ҳадафашон тарғиби сарфакорӣ, ошкоркунии ҳолатҳои ғайриқонунӣ истифодаи барқ ва рӯёнидани қарзи он мебошад. Як […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Тӯли 12 рӯз дар шимоли Тоҷикистон аз муштариёни шабакаҳои барқ 6 млн 721 ҳазору 258 сомонӣ маблағҳои қарзи барқ ситонида шуда, 982 қонунвайронкуниҳо дар кори истифодаи барқ ошкор шудааст.  Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, ин натиҷаи фаъолияти 89 гуруҳи кории созмонёфта аст, ки ҳадафашон тарғиби сарфакорӣ, ошкоркунии ҳолатҳои ғайриқонунӣ истифодаи барқ ва рӯёнидани қарзи он мебошад.

Як манбаи муътамад аз Раёсати корҳои дохилии Суғд ба “Азия Плюс” гуфт, ки ин гурӯҳи созмонёфта аз 10 то 21-уми декабр дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят санҷишҳои вижаро анҷом доданд. Ӯ гуфт, дар натиҷаи ин санҷиш 982 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи нодурусти барқ ошкор шудааст. Аз он 53 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ бо моддаи 473 “риоя ё иҷро накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор” ва 929 ҳолати дигар бо моддаҳои 404 ва 382 “риоя накардани қоидаҳои муҳофизатии шоҳқубурҳо” ва “риоя накардани қоидаҳои истифодаи барқ”-и Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ 20 ҳазору 486 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

“Санҷиш дар корхонаву муассисаҳо, хонаҳои баландошёна, навсохт, бозору марказҳои савдо, коргоҳҳои истеҳсолӣ, нонвойхонаҳо, ҳаммом ва дигар иншоот гузаронида шуд. Ҳолатҳое ҳаст, ки муштариёни барқ дар натиҷаи истифодаи нодурусти барқ аз ҷониби шабакаҳои барқӣ ҷарима шудаву лекин маблағи онро нозири барқ нарӯёнидааст ва ё қарзҳои барқ боқӣ монда буд, ки ин гуруҳи корӣ онҳоро рӯёнид. Мақсади ягона сарфакорӣ ва истифодаи самараноки барқ аст”.

Аммо ин манбаъ мегӯяд, ин гурӯҳи корӣ, ки аз ҷониби Раёсати корҳои дохилӣ созмон ёфта буд, дар натиҷаи санҷишҳо ягон ҷиноят дар самти барқрасониву истифодаи онро ошкор накардааст. 

Дар Тоҷикистон бо дастури раисҷумҳур Ситоди ягонаи байни ниҳодҳо ташкил шудааст, ки истифодаи сарфакорона аз барқро назорат мекунад ва бо мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад. Ин ситодро вазири корҳои дохилӣ ва дар маҳалҳо раёсату шуъбаҳои ВКД раҳбарӣ мекунанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.