Тӯҳфаҳои солинавии президент ба беш аз 20 ҳазор сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ

Ба ҳамаи ҳайати қатории ҷузъу том ва қисмҳои низомӣ, курсантҳои муассисаҳои таълимии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, оилаҳои сарбозону афсарони ҳалокшуда ҳангоми адои қарзи ҳарбӣ аз номи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои солинавӣ тақдим мешаванд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ хабар доданд, танҳо дар қисмҳои низомии Вазорат беш аз 20 ҳазор нафар сарбозон туҳфа […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ба ҳамаи ҳайати қатории ҷузъу том ва қисмҳои низомӣ, курсантҳои муассисаҳои таълимии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, оилаҳои сарбозону афсарони ҳалокшуда ҳангоми адои қарзи ҳарбӣ аз номи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои солинавӣ тақдим мешаванд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ хабар доданд, танҳо дар қисмҳои низомии Вазорат беш аз 20 ҳазор нафар сарбозон туҳфа мегиранд.

Ҳамчунин ба сарҳадбонон, сарбозони Гвардияи миллӣ, қӯшунҳои дохилӣ, воҳидҳои мудофиаи шаҳрвандӣ ва ҳолатҳои фавқулода, бригадаи қаровулии Вазорати адлияи Тоҷикистон аз номи сарвари давлат туҳфа дода мешавад. Он аз шириниҳою мева, консерву нӯшокиҳо иборат аст.

Комиссияе, ки бо фармони вазири мудофиа таъсис дода шудааст, бояд то 30-юми декабр расонидан ва тақдими туҳфаҳои солинавиро ба ҳамаи қисмҳои низомӣ дар минтақаҳо таъмин кунад. Ҳамчунин барои сарбозону афсарон дар саросари кишвар дастурхони идона ороста мешавад.

Барои оростани дастурхони идона барои сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ бо дастури сарвари давлат маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо ҷудо карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?