ИМА ба Тоҷикистон барои муқовимат бо коронавирус 200 зарфи оксигени тиббӣ дод

Date:

Ҳукумати ИМА барои дастгирии системаҳои оксигени тиббӣ бар зидди COVID-19 ба Тоҷикистон 2,6 миллион доллар ҷудо мекунад.

Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе, тавассути Намояндагии нави Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон (USAID), қисми аввали таҷҳизоти таъминоти оксигени тиббӣ барои бемороне, ки зидди COVID-19 мубориза мебаранд, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуд.

Ин барномаи дастгирии оксигенӣ илова ба тақрибан 5 миллион доллар кумаки тиббӣ мебошад, ки ҳукумати ИМА аллакай барои мубориза бар зидди COVID-19 дар тӯли соли 2020 ба Тоҷикистон расонидааст.

Иҷрокунандаи вазифаи директори Намояндагии USAID дар Тоҷикистон Кит Симмонс ба муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода 200 зарфи оксигени тиббиро дар маросими расмӣ имрӯз супорид.

Тоҷикистон дар қатори 11 кишварҳое, ки аз ҳукумати ИМА кӯмаки оксигенӣ мегиранд, қарор дорад ва ин дар маҷмӯъ дар ҷаҳон 18 миллион долларро ташкил медиҳад.

Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм талошҳои Тоҷикистонро барои пешгирии паҳншавии COVID-19 арзгузорӣ намуда, қайд кард: «Мо шарикии худро бо мардуми Тоҷикистон қадр мекунем ва садоқати худро баҳри ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон дар вокуниш ба пандемияи COVID-19 изҳор менамоем.»

Оксигени иловагӣ табобати муҳим ва наҷотбахши одамони мубталои COVID-19 мебошад. Илова ба зарфҳои оксигенӣ Сафорати ИМА дар соли оянда барои насб намудан дар беморхонаҳои Тоҷикистон се дастгоҳи пешрафтаи тавлиди оксигенро таъмин хоҳад кард.

Аз оғози пандемияи COVID-19, Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон барои беҳтар намудани таъминоти оксигенӣ, фаъолияти лабораторияҳои тиббӣ, фароҳам овардани имкониятҳои шуғл барои шахсони бекормонда, дастгирии ғизоӣ ба осебпазиртарин қишри аҳолӣ ва ғайра бештар аз 7,5 миллион доллар таъмин намудаст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...