Абдулло Раҳнамо дар Иттифоқи нависандагон мансаб гирифт

Абдулло Раҳнамо сиёсатшинос, сардори пешини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мансаби нав гирифтааст. Ӯ ба "Азия-Плюс" гуфт умедвора аст, битавонад дар ин созмон мисли шахсиятҳои хушноме, ки замоне дар ин ҷо кор кардаанд, хидмат кунад.  Абдулло Раҳнамо баъди Анҷумани XV-и Иттифоқи нависандагон мудири […]

Asia-Plus

Абдулло Раҳнамо сиёсатшинос, сардори пешини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мансаби нав гирифтааст. Ӯ ба "Азия-Плюс" гуфт умедвора аст, битавонад дар ин созмон мисли шахсиятҳои хушноме, ки замоне дар ин ҷо кор кардаанд, хидмат кунад. 

Абдулло Раҳнамо баъди Анҷумани XV-и Иттифоқи нависандагон мудири шуъбаи робитаҳои адабии хориҷии ин созмон таъин шудааст. Анҷумани XV-и ин созмон  23-юми декабр дар Душанбе баргузор шуд, ки дар он Низом Қосим барои 5 соли дигар раиси он боқӣ монд. Абдуллоҳ Раҳнамо, ки то ин вақт мушовири мудири Маркази тадқиқоти стратегӣ буд дар ин мақом ба ҷойи нависанда Ато Ҳамдам омадааст, ки дувумӣ акнун масъулияти мудирии шуъбаи драматургияро ба дӯш гирифтааст.

Раҳнамо ҳамчунин дар Анҷумани XV-и Иттифоқи нависандагон ба узвияти Раёсати ин созмони эҷодӣ пазируфта шудааст. Абдулло Раҳнамо муаллифи ду маҷмӯаи шеър низ ҳаст ва соли 2014 ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуда буд.

Абдуллоҳи Раҳнамо, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, коршиноси сиёсӣ ва масоили дину давлат аст, ки бо таҳлилҳо ва мавзеъгириҳои сиёсияш дар расонаҳо яке аз чеҳраҳои пурбаҳс шинохта мешавад. Ӯ соли 1971 дар ноҳияи Ҳисор зода шудааст ва риштаи забону адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъдан дар Эрон дар риштаи улуми сиёсӣ таҳсил карда, баъди Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба унвони ёвари муовини Сарвазири Тоҷикистон кор кардааст.

Ҳамчунин солҳои зиёде дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон фаъолият мекард.

Раҳнамо муаллифи китобҳое чун "Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ", “Уламои исломӣ дар Тоҷикистон", "Ислом ва амнияти миллӣ", "Мавқеъи ҳизбӣ ва мавқеъи миллӣ" мебошад ва дар чанде аз донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон ҳам дар ин заминаҳо суханронӣ кардааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.