Сокини Душанбе барои хона ва мағоза 104 ҳазор доллар дода, вале чизе насибаш нашуд

Сокини 45-солаи Душанбе ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Ӯ аз дигар сокини пойтахт 145 ҳазор доллар пул гирифта, ба ӯ дар дар бинои нав хонаҳо ва мағоза ваъда мекунад. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҷабрдида ба ШВКД-2 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат карда, изҳор мекунад, ки моҳи майи соли 2018, дар назди хонаи […]

Asia-Plus

Сокини 45-солаи Душанбе ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Ӯ аз дигар сокини пойтахт 145 ҳазор доллар пул гирифта, ба ӯ дар дар бинои нав хонаҳо ва мағоза ваъда мекунад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҷабрдида ба ШВКД-2 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат карда, изҳор мекунад, ки моҳи майи соли 2018, дар назди хонаи истиқоматиаш марди 43-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 104 ҳазор доллари амрикоиро гирифта ваъда додааст, ки дар кӯчаи Меҳнати шаҳри Душанбе, 2-адад хонаҳои дуҳуҷрагӣ ва як нуқтаи савдо гирифта медиҳад.

Гуфта мешавад, бо гузашти беш аз 2 сол ҷабрдида на хона гирифтаасту на пулашро баргардонидаанд. Гумонбар маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Ёдрас мекунем, ки 8 январ низ маркази матбуоти ВКД дар бораи ба ин монанд ҳодиса хабар дод. Моҳи майи соли 2015 сокини маҳаллии 47-сола ба боварии сокини дигари 34-солаи пойтахт даромада, худро корманди ҶДММ “Аюб-2020” муаррифӣ мекунад. Ӯ аз ҷабрдида бо ваъдаи хона гирифта додан дар яке аз биноҳои нав 16 ҳазор доллар гирифта, бо ҳамин бедарак мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.