Шаҳрдории Душанбе тарҳи нави бозори “Корвон”-ро муаррифӣ кард

Date:

Бозори бузургтарини пойтахт – “Корвон” ба таври назаррас дигаргун мешавад.

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 марти соли гузашта азнавсозии Маҷмааи муосири савдову хизматрасонии “Корвон”  бо таҳхона ва таваққуфгоҳи нақлиётии бисёрсатҳа оғоз шудааст.

Раёсати меъмории Душанбе дар саҳифаи худ дар Фейсбук аксҳои чӣ гуна дигаргун шудани бозори “Корвон”-ро пас аз навсозӣ нашр кардааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Тавре аз аксҳо бармеояд, намо (фасад)-и бозор мутамарказ шуда, бо тарзу усули миллӣ ва бо чанд дарвозаи асосӣ – даромадгоҳ ва сутунпояҳои сершумор сохта мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Пас аз навсозӣ дар бозор дар ниҳояти кор таваққуфгоҳ барои автомашинаҳо сохта шуда, роҳи байни бозор аз автомашинаҳои сершумор ва ҳолатҳои танбашавии зиёди нақлиёт озод карда мешавад.

Қаблан меъмори ноҳияи Фирдавсӣ Фаридун Ҷомиев ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки дар наздикии бозори “Корвон” таваққуфгоҳи шашошёна барои 460 автомашина сохта мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ То тирамоҳ дар назди бозори "Корвон" чунин таваққуфгоҳ барои мошинҳо сохта мешавад

“Барои ин 11 манзили зисти назди бозор тахриб (кӯчонида) шуданд. Таваққуфгоҳ аз ҳисоби ҶДММ “Корвон” сохта шуда, маблағи ҷуброни хонаҳои кӯчонидашуда низ аз ҷониби бозор пардохта шуд”, – изҳор дошта буд ӯ.

Ба истифода додани иншоот соли оянда, ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки имсол моҳи сентябр таҷлил мегардад, ба нақша гирифта шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Таъмири 1,85 км масофаи роҳи байни бозори “Корвон” дар доираи лоиҳаи таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар сурат мегирад, ки аз ҷониби БОР ва инчунин ҳаммаблағгузор – Фонди ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) оид ба рушди байнулмилалӣ сармоягузорӣ мешавад.

Корҳои таъмиру навсозии роҳ аз оғози бозори “Корвон” то дарвозаҳои ҷанубии шаҳр 10 июни соли 2020 оғоз гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бозори "Корвон"

Охири соли гузашта аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар дода буданд, ки бунёди роҳи канори бозори Корвон муваққатан мавқуф гузошта шуд. Ин корҳо бояд аз сӯйи ширкати “Роҳсоз-7” дар давоми 180 рӯз ба анҷом мерасид, лекин ба далели сардии ҳаво ва боришоти ахир мавқуф гузошта шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...