Эълони рӯзҳои парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбе ва Тошканд

Date:

Ширкати Uzbekistan Airways санаи дақиқ ва вақти барқарор шудани парвозҳои мунтазамро бо хатсайри “Тошканд-Душанбе-Тошканд” аз рӯзи 20 январ эълон кард.

Аз ҷониби Ӯзбекистон парвозҳо рӯзи чоршанбе анҷом дода мешаванд: парвоз аз Тошканд ба Душанбе соати 08:00, замони расидан ба Душанбе – соати 09:00; бозгашт парвоз аз Душанбе ба Тошканд – соати 11:00 ва вақти ба Тошканд расидан – соати 12:00.

Билетҳоро аз сомонаи ширкат, дафтари кории Uzbekistan airways sales ё дафтарҳои кории агентҳо дастрас кардан мумкин аст.

Тоҷикистон ҳоло санаи дақиқ ва вақти анҷоми парвози аввалини ширкати “Сомон Эйр”-ро ба пойтахти Ӯзбекистон эълон накардааст.

Бино ба маълумоти як манбаи “Азия-Плюс”, ширкати “Сомон Эйр” парвозҳоро ба Тошканд рӯзҳои ҷумъаи ҳафта иҷро мекунад, лекин санаи дақиқ ва вақти парвоз эълон нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар робита ба беҳтар шудани вазъи марбут ба коронавирус дар ҳар ду давлат ва бо қарори ҳукумати кишвар, Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус тасмим гирифт, ки ба барқарор шудани парвозҳои мунтазам байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд иҷоза дода шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...