Медиабулимия чист? Ё чи хел аз пурхурии иттилоотӣ халос шавем

Агар бо забони содда гӯем “Медиабулимия” ин истифодаи маълумоти аз ҳад зиёд – монанди пурхӯрӣ аст. Ё истифодаи зиёди маълумот бидуни аҳамият додан ба мундариҷаи он ва ҳазм кардани он. Дар ин ҳолат иттилооти нав хуб ҳазм намешавад ва шахс эҳтимолан хеле хашмгин ва манфӣ мешавад. Дар аксар ҳолат наврасон ба ин “беморӣ” гирифтор мешаванд. […]

"Се нуқта"

Агар бо забони содда гӯем “Медиабулимия” ин истифодаи маълумоти аз ҳад зиёд – монанди пурхӯрӣ аст. Ё истифодаи зиёди маълумот бидуни аҳамият додан ба мундариҷаи он ва ҳазм кардани он.

Дар ин ҳолат иттилооти нав хуб ҳазм намешавад ва шахс эҳтимолан хеле хашмгин ва манфӣ мешавад. Дар аксар ҳолат наврасон ба ин “беморӣ” гирифтор мешаванд. Аз сабаби фаровонии ҳама гуна шабакаҳои иҷтимоӣ ва мавҷудияти манбаъҳои гуногуни иттилооти зарурӣ ва на он қадар зарур.

Дар ҷаҳони мо маълумот аз ҳад зиёд аст. Ҳамарӯза ба интернет 2,5 миллион байт маълумот партофта мешавад ва ин хеле зиёд аст. Ҳамин тавр, мағзи мо ҳар рӯз мекӯшад, ки маълумоти бештарро азхуд кунад: ахбор, шабакаҳои иҷтимоӣ, сӯҳбатҳо, таблиғҳо, аломатҳо дар кӯча ва ғайра.

Ҳамин ки шумо бедор шудед, чӣ кор мекунед? Смартфони худро гирифта шабакаҳои иҷтимоиро варақ мезанед? То чӣ қадар вақт шумо бидуни шабакаҳои иҷтимоӣ кор карда метавонед? На бештар аз ним соат? Оё шумо ягон бор худро хаста ва асабонӣ ҳис мекунед? Муддатҳои дароз тамаркузи рӯйи чизҳои муҳим бароятон мушкил аст?

Ин ҳама ба сабаби истифодаи аз ҳад зиёди иттилоот аст. Метавон гуфт шумо низ “бемор” ҳастед.

Пас кӯшиш кунед аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар сарчашмаҳои иттилооти нолозим даст кашед, ё ақалан аз гурӯҳҳои нолозим дар шабакаҳои иҷтимоӣ хориҷ шавед. Кӯшиш накунед ҳама маълумотро дастрас кунед, мағзи сари шумо имкони инро надорад. Вобаста ба самти кору фаъолият ва омӯзиш рӯйхати сарчашмаҳои иттилоот ё мавзӯъҳои муайянро тартиб диҳед ва танҳо он иттилоотро пайгирӣ кунед. Ба истифодаи бемақсади интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, тамошои телевизион ва гӯш кардани радио хотима диҳед. Гоҳ-гоҳ кӯшиш кунед парҳези иттилоотӣ кунед ва ба сайругашт машғул шавед!

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.