Раҳмон: барои бекор кардани санҷишҳои ғайриқонунӣ ва кори соҳибкорон санади нав омода кунед

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имрӯзаш ба Маҷлиси Олӣ ба Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатӣ дастур дод, ки барои аз байн бурдани санҷишҳову тайфтишҳои ғайриқонунӣ ва дахолат ба кори соҳибкорон санади далдорро омода кунад, то Ҳукумати Тоҷикистонро онро қабул кунад. "Инчунин, барои аз байн бурдани ҳолатҳои санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти сармоягузорону соҳибкорон Кумитаи давлатии […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имрӯзаш ба Маҷлиси Олӣ ба Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатӣ дастур дод, ки барои аз байн бурдани санҷишҳову тайфтишҳои ғайриқонунӣ ва дахолат ба кори соҳибкорон санади далдорро омода кунад, то Ҳукумати Тоҷикистонро онро қабул кунад.

"Инчунин, барои аз байн бурдани ҳолатҳои санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти сармоягузорону соҳибкорон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута дар муҳлати кӯтоҳтарин лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созад".

Ба назари Раҳмон ҳоло саҳми “бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 70 фоиз, дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ 68 фоиз ва даромадҳои андозӣ ба буҷети давлат 80 фоизро ташкил медиҳад”.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ ва амалисозии лоиҳаҳои инфиродии таҷдиди сохтори субъектҳои инҳисори табиӣ ва корхонаҳои азими давлатӣ то 90 фоизи дороиҳои давлатӣ ба бахши хусусӣ дода шуданд.

Дар Тоҷикистон ҳам коршиносону соҳибкорони ватанӣ ва ҳам сармоягузорону созмонҳои байналмилалӣ аз зиёд будани ниҳодҳои санҷишгар ва мавридҳои дахолат ба кори соҳибкорону истеҳсолкунандагон ҳамеша шикоят мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 вақте бо мақсади эҷоди шароити мусоид барои соҳибкорӣ  дар кишвар мораторияи дусолаи санҷиши соҳибкорон  эълон намуд, гуфта буд, ки дар Тоҷикистон 78 ниҳоди санҷишгар мавҷуд аст, ки вазифаҳои якдигарро дунбол мекунанд. Дар мулоқоти ахир бо намояндагони бахши саноат президент аз номуассир воқеъ шудани имтиёзҳои додашуда ба корхонаҳо изҳори нигаронӣ кард ва аз ҳукумат талаб намуд, ки корро дар ин самт ҷоннок кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.