Соли 2020 дар бунёди неругоҳи “Роғун” 3 нафар ҳалок шудаву 15 кас захмӣ шудаанд

Соли 2020 дар сохтмони неругоҳи “Роғун” 15 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифт шудааст, ки дар натиҷа 3 нафар корманд ба ҳалок расидаву 15 нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора Раҳим Санат Асо сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкорӣ, зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе  иттилоъ дод. Ҳамчунин ба гуфтаи […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Соли 2020 дар сохтмони неругоҳи “Роғун” 15 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифт шудааст, ки дар натиҷа 3 нафар корманд ба ҳалок расидаву 15 нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора Раҳим Санат Асо сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкорӣ, зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе  иттилоъ дод.

Ҳамчунин ба гуфтаи  Раҳим Санат Асо, дар корхонаву иншооти зери назорати Хадамот дар соли 2020 31 ҳодисаи нохуш  ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 8 нафар ҳалок ва 33 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ин дар ҳоле, ки дар ҳамин давраи соли 2019 ҳамагӣ 33 ходисаи нохуш ва 3 садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 20 нафар ҳалок ва 25 нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ӯ гуфт, соли гузашта дар баробари 20 шахси мансабдор, 5 нафар шахси воқеӣ ва 2 шахси ҳуқуқӣ аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, ҷарима баста шуданд. Маблағи умумии ҷарима 89310,0 сомониро ташкил додааст.

Ба иттилои манбаъ, сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш – риоя нагардидани талаботи техникаи бехатарӣ, номукаммал гузаронидани дастурдиҳӣ дар ҷойи кор аз ҷониби шахсони масъули техникӣ, бо ҳавои тозаи кофӣ таъмин нагардидани қитъаҳои кории зеризаминӣ, ҳамчунин муҷаҳҳаз нагардидани мавзеҳои корӣ бо гӯшаҳои техникаи бехатарӣ, дастурамалҳо оиди ҳифзи меҳнат, лавҳаҳо ва ашёҳои аёнии омӯзишӣ мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.