Сарнавишти донишҷӯёне, ки ба донишгоҳҳои хориҷӣ қабул шудаанд, ҳанӯз норӯшан аст

Вазири маорифи ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки то кунун сарнавишти донишҷӯёни тоҷике, ки ба донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ пазируфта шудаанд, норӯшан аст. Ин нуктаро Муҳаммадюсуф Имомзода, имрӯз, 5 феврал дар нишасти хабарии ниҳодаш ба хабарнигорон гуфт. "Дар ин масъала то имрӯз ҳеч пешрафте нест. Бештари квотаҳоро Русияву Чин пешниҳод карда буданд. Аммо то кунун ин кишварҳо […]

Сайфиддин Қарев, Asia-Plus

Вазири маорифи ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки то кунун сарнавишти донишҷӯёни тоҷике, ки ба донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ пазируфта шудаанд, норӯшан аст. Ин нуктаро Муҳаммадюсуф Имомзода, имрӯз, 5 феврал дар нишасти хабарии ниҳодаш ба хабарнигорон гуфт.

"Дар ин масъала то имрӯз ҳеч пешрафте нест. Бештари квотаҳоро Русияву Чин пешниҳод карда буданд. Аммо то кунун ин кишварҳо иҷозаи ворид шуданро намедиҳанд. Шумораи ин донишҷӯён 3530 нафар аст, ки ҳамаи онҳо дар хонаҳояшон ҳастанд ва фосилавӣ таҳсил мекунанд",-гуфт Имомзода

Масъалаи донишҷӯёни тоҷике, ки ба донишгоҳҳои хоиҷӣ пазируфта шуданду вале бар асари ҳамагирии коронавирус, ки марзҳои кишварҳо бастаанд, натавонистанд ба макони таҳсили худ бираванд, яке аз мавзуъҳои доғ аст.

Пештар бархе аз донишҷӯён, ки ба донишгоҳҳои Русия пазируфта шудаанд, ба назди Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва Сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон барои додхоҳӣ рафта буданд ва хостори ҳалли мусбати қазияашон шуда буданд. Аммо то кунун дар ин маврид ҳеч пешрафте сурат нагирифтааст.

Пештар вазорати маориф гуфта буд, ки то ҳал шудани масъалаи рафтани ин донишҷӯён ба макони таҳсили худ, онҳо таҳсилро метавонанд дар тахассусҳои мушобеҳ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон давом бидиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио