Соли 2020 ба соҳаи сохтмон беш аз 1,1 млрд доллар сармоягузорӣ равона шуд

Соли 2020 дар Тоҷикистон ҳудуди 1,4 млн метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд, хабар медиҳад Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати ҷумҳурӣ. Инчунин соли гузашта барои 13,5 ҳазор нафар хонандагон мактабҳои нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, барои қабули 436 нафар дармонгоҳҳо ва беморхонаҳо бо 577 кат мавриди истифода қарор гирифтанд. Соли 2020 аз ҳисоби ҳамаи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли 2020 дар Тоҷикистон ҳудуди 1,4 млн метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд, хабар медиҳад Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Инчунин соли гузашта барои 13,5 ҳазор нафар хонандагон мактабҳои нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, барои қабули 436 нафар дармонгоҳҳо ва беморхонаҳо бо 577 кат мавриди истифода қарор гирифтанд.

Соли 2020 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба корҳои сохтмон ҳамагӣ зиёда аз 11,6 млрд сомонӣ (беш аз 1,1 млрд доллар бо қурби миёнаи соли 2020) сармоягузорӣ равона гардид.

Барои баргузории ташхиси давлатӣ соли гузашта 658 лоиҳа пешниҳод шуд, ки 538-тоаш аз ташхис гузашта, 115-тоаш мавриди баррасӣ қарор доранд ва 3 лоиҳа бекор шуда, баррасии 2 лоиҳаи муваққатан боздошта шудааст.

Айни замон таҳияи нақшаҳои генералии 65 шаҳру навоҳии кишвар ба охир расида, бо қарорҳои ҳукумат қабул шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.