“Фолбин”-и варзобӣ душанбегиҳоро сеҳру ҷоду карда, боз худаш онро мебаровард

Сокини ноҳияи Варзоб Ҷаҳонгир Бобомуродови 26-сола ба корҳои сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дар Душанбе машғул буд. Ӯ ҳангоми гузаронидани амали сеҳру ҷодуи навбатиаш боздошт шуд. Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ӯ худро ҳамчун фолбину ҷодубарор муаррифӣ намуда, бо ҳазорон макру ҳила ашёи барои сеҳру ҷоду истифодашавндаро худ омода ва дар қабристону манзили […]

Asia-Plus

Сокини ноҳияи Варзоб Ҷаҳонгир Бобомуродови 26-сола ба корҳои сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дар Душанбе машғул буд. Ӯ ҳангоми гузаронидани амали сеҳру ҷодуи навбатиаш боздошт шуд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ӯ худро ҳамчун фолбину ҷодубарор муаррифӣ намуда, бо ҳазорон макру ҳила ашёи барои сеҳру ҷоду истифодашавндаро худ омода ва дар қабристону манзили истиқоматии ҷабрдидагон пинҳон мекардааст.

“Баъдан муроҷиаткунандаро бовар мекунонидааст, ки ӯро сеҳру ҷоду кардаанд ва барои боварӣ ашёи қаблан пинҳоннамудаи худашро бароварда, гӯиё сеҳру ҷодуро тоза мекардааст”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Гуфта мешавад, ба ин васила шаҳрвандон ба номбурда ҳамчун нафари сеҳргару ҷинбарор эътиқод намуда, ба ӯ маблағҳои пулӣ ва чорвои худро туҳфа мекардаанд.

Зикр мегардад, ки  вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати дастгиршуда барои амалҳои мардумфиребонааш тибқи талаботи моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.