Иштирокчиёни даври финалии Ҷоми ФФТ-2021 муайян шуданд

Дастаҳои иштирокчии даври финалии Ҷоми Федератсияи фуутбли Тоҷикистон-2021 муайян шуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, аз гурӯҳи “А” дар минтақаи Душанбе дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ва КМВА (ССКА)-и Душанбе ба даври финалии мусобиқа роҳ ёфтанд. Боз ду роҳхат аз гурӯҳи “Б” насиби дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Барқчӣ”-и Ҳисор гардид. Вилояти Хатлонро дар даври финалии […]

Asia-Plus

Дастаҳои иштирокчии даври финалии Ҷоми Федератсияи фуутбли Тоҷикистон-2021 муайян шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, аз гурӯҳи “А” дар минтақаи Душанбе дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ва КМВА (ССКА)-и Душанбе ба даври финалии мусобиқа роҳ ёфтанд.

Боз ду роҳхат аз гурӯҳи “Б” насиби дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Барқчӣ”-и Ҳисор гардид.

Вилояти Хатлонро дар даври финалии мусобиқаи Ҷоми ФФТ-2021, ки дар шаҳри Душанбе доир мегардад, дастаҳои “Хатлон”-и шаҳри Бохтар ва “Равшан”-и Кӯлоб намояндагӣ мекунанд.

Аз вилояти Суғд ба даври финалии мусобиқа тимҳои “Эсхата-2” ва “Мастчоҳ” роҳхат гирифтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.