Президенти Туркманистон писарашро ноиби сарвазири кишвар таъин кард

Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов писари 39-солаи худ Сардор Бердимуҳаамедовро ноиби сарвазири кишвар ва раиси Палатаи олии назорат (мақомоти давлатии назорати масоили молиявӣ-иқтисодӣ) таъин карда, инчунин ӯро ба ҳайати Шӯрои давлатии амнияти Туркманистон дохил намуд, хабар медиҳад РБК. Барои ин сарвари давлат шумори муовинони роҳбари ҳукуматро зиёд кард. Мувофиқи қарор, ин мансаб “бо мақсади такмили минбаъдаи […]

Asia-Plus

Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов писари 39-солаи худ Сардор Бердимуҳаамедовро ноиби сарвазири кишвар ва раиси Палатаи олии назорат (мақомоти давлатии назорати масоили молиявӣ-иқтисодӣ) таъин карда, инчунин ӯро ба ҳайати Шӯрои давлатии амнияти Туркманистон дохил намуд, хабар медиҳад РБК.

Барои ин сарвари давлат шумори муовинони роҳбари ҳукуматро зиёд кард. Мувофиқи қарор, ин мансаб “бо мақсади такмили минбаъдаи кори Шӯрои вазирон ва Шӯрои давлатии амният, инчунин тақвияти назорат аз болои моликияти давлатӣ, аз ҷумла истифодаи мақсадноки воситаҳои молиявӣ ва иҷозати гузаронидани амалиёт бо онҳо тибқи қонунгузорӣ” ҷорӣ шуд.

Ҳамчунин президент хабар дод, ки ҳалли масоили рақамигардонӣ ва ҷорисозии технологияҳои инноватсионӣ дар низоми сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ, соҳаҳои тандурустиву маориф ва бахшҳои иқтисоду молия низ ба дӯши ноиби нави сарвазир вогузор мегардад.

Қаблан аз 7 феврали соли 2020 Сардор Бердимуҳаммедов вазифаи вазири саноат ва истеҳсолоти сохтмони Туркманистонро ишғол мекард. Ба мансаби холишудаи ӯ Баймират Аннамамедов таъин шуд, ки то ин дам ба ҳайси муовини роҳбари ин вазорат фаъолият дошт.

Худи Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов 63 сол дошта, аз соли 2007 президенти Туркманистон аст. Пеш аз ин мансаби сарвари давлати Туркманистонро аз соли 1991 Сафарммурод Ниёзов ба дӯш дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.