КҲФ: 16 оила кӯчбандиро аз минтақаи хавфнок рад карданд

Айни замон дар Тоҷикистон 1 ҳазору 471 минтақаи ниҳоят хавфнок барои иқомат ба қайд гирифта шудааст, хабар дод ба рӯзноманигорон раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Рустам Назарзода. Ӯ шарҳ дод, ки 308 аз ин минтақаҳои хавфнок дар қаламрави ВМКБ, 293 минтақа – дар вилояти Суғд, 401 минтақа – дар вилояти Хатлон, 223 – дар водии […]

Айни замон дар Тоҷикистон 1 ҳазору 471 минтақаи ниҳоят хавфнок барои иқомат ба қайд гирифта шудааст, хабар дод ба рӯзноманигорон раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Рустам Назарзода.

Ӯ шарҳ дод, ки 308 аз ин минтақаҳои хавфнок дар қаламрави ВМКБ, 293 минтақа – дар вилояти Суғд, 401 минтақа – дар вилояти Хатлон, 223 – дар водии Рашт, 236 – дар водии Ҳисор ва 10 минтақаи хавфнок – дар шаҳри Душанбе воқеъанд.

Назарзода қайд кард, ки минтақаҳои хавфнок барои иқомат дар пойтахт дар маҳаллаи Лучоб ва Ховарон (Восточные холмы) ҷойгир шудаанд.

Ба гуфтаи раиси Кумита, 515 минтақа аз шумори умумӣ ниҳоят хавфнок буда, эҳтимоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода дар онҳо хеле баланд аст.

“Дар ин минтақаҳо тақрибан 24 ҳазор хонавода зиндагӣ карда, шумори аҳолӣ 158 ҳазору 270 нафарро ташкил медиҳад, – иброз дошт ӯ. – Давоми солҳои 2021-2023 аз ин минтақаҳо ба макони амн кӯчонидани 664 хонавода дар назар аст”.

Рустам Назарзода таъкид дошт, ки соли гузашта 16 оила дар Тоҷикистон кӯчбандиро аз минтақаҳои хавфнок рад карданд.

“Ба онҳо ҷойҳои наве, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар барои иқомат ҷудо шуд, писанд наомад”, – илова намуд ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.