Ӯзбекистон мехоҳад аз Тоҷикистон об бикашонад

Муовини сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар шакли видеоконфронс бо муовини сарвазир ва вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов гуфтушунид кардааст. Зимни гуфтушунид ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳо байни корхонаҳои саноатии мушаххаси ду кишвар дар самти истеҳсоли маҳсулоти технологӣ дар соҳаҳои электротехника ва мошинсозӣ, ки дар бозори кишварҳои минтақа ва давлатҳои сеюм талабот дорад, таваҷҷуҳ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Муовини сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар шакли видеоконфронс бо муовини сарвазир ва вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов гуфтушунид кардааст.

Зимни гуфтушунид ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳо байни корхонаҳои саноатии мушаххаси ду кишвар дар самти истеҳсоли маҳсулоти технологӣ дар соҳаҳои электротехника ва мошинсозӣ, ки дар бозори кишварҳои минтақа ва давлатҳои сеюм талабот дорад, таваҷҷуҳ карданд, хабар медиҳад Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон.

Гуфта мешавад, амалисозии лоиҳаҳо дар бахши ҷорисозии низомҳои худкори назорат ва баҳисобгирии неруи барқ, инчунин идоракунии фосилавии таҷҳизоти рӯшноидиҳандаи беруна дар иншооти саноатии Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои ояндадор арзёбӣ шуд.

Ҷонибҳо ҷиҳати тақвият бахшидан ба кори муштарак оид ба беҳбуди шароити рушди ҳаҷми савдои мутақобила тариқи тадриҷан бекор намудани монеъаҳои техникии мавҷуда ва таъмини дастрасии мусоид ба маҳсулоти истеҳсоли кишварҳо ба бозорҳои ҳамдигар ба мувофиқа расиданд.

Зикр шуд, ки ин иқдом ба иҷрои вазифаи гузошташуда дар мавриди то ба 1 млрд доллар расонидани ҳаҷми муомилоти мол байни кишварҳо дар ояндаи наздик имкон фароҳам меорад.

Мувофиқа шуд, ки ҷонибҳо дар фурсати наздик корҳоро оид ба таъсиси хонаҳои миллии савдо ва дигар иншооти соҳавии ин самт дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд ба охир мерасонанд.

Ғайр аз ин, суръатбахшии ҳамкорӣ дар самти таҷдиди як қатор иншооти гидротехникӣ тариқи ҷалби мусоидати молиявӣ ва техникии ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ ва мададрасонон пешбинӣ шуд. Ҳамчунин таҳияи механизми таъмини интиқоли устувор ва саривақтии об аз обанборҳои Тоҷикистон ба Ӯзбекистон баррасӣ шуд.

Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид оид ба таъсиси гурӯҳи кории муштарак дар ҳайати роҳбарони вазорату идораҳои калидии кишварҳо созиш ҳосил шуд, ки вазифаҳои пайгирии амалисозии ҳамкориҳо дар бахши сармоягузорӣ, таҳлили имконоти истифоданашуда барои тавсеъаи ҳамкорӣ дар ин самт ва омӯзиши вазъи бозори кишварҳо ҷиҳати таҳияи пешниҳодоти мушаххас оид ба тақвияти ҳаҷми савдои дуҷониба ба дӯши он вогузор мешавад.

Инчунин ҷонибҳо оид ба таҳияи “Харитаи роҳ”-и ҷудогона оид ба пешбурди ташаббусҳои муштарак дар соҳаҳои сармоягузорӣ, ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт ва обу энергетика ба мувофиқа расиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.