“Талко” аз “Барқи тоҷик” 390 миллион сомонӣ қарздор будааст

Ширкати алюминийии тоҷик "Талко" аз ширкати "Барқи тоҷик" 390 миллион сомонӣ қарздор будааст. Ин ширкат бузургтарин қарздор дар миёни ширкатҳои қарздор унвон мешавад. Ҳамчунин қарзи аҳолӣ то 1-уми январи соли 2021 аз ин ширкат як миллиарду 342 миллион сомониро ташкил медиҳад, – мегӯяд масъулони ин ширкат. Ҳамчунин қарзи дебитории қувваи барқ 3,1 миллиард сомонӣ шудааст. Ширкати […]

Ширкати алюминийии тоҷик "Талко" аз ширкати "Барқи тоҷик" 390 миллион сомонӣ қарздор будааст. Ин ширкат бузургтарин қарздор дар миёни ширкатҳои қарздор унвон мешавад. Ҳамчунин қарзи аҳолӣ то 1-уми январи соли 2021 аз ин ширкат як миллиарду 342 миллион сомониро ташкил медиҳад, – мегӯяд масъулони ин ширкат. Ҳамчунин қарзи дебитории қувваи барқ 3,1 миллиард сомонӣ шудааст.

Ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, ки соли гузашта ба хориҷи кишвар 1 млрд, 536,8 млн кВт.соат барқ содир кардааст. Аммо ба гуфтаи масъулони ширкат, ин миқдор неруи содиротӣ нисбат ба як соли пеш хеле кам аст.

Раиси ширкати "Барқи тоҷик" Мирзо Исмоилзода дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ки онҳо аз соли 2019  ба хориҷ 1 млрд, 399,8 млн, кВт.соат  барқ кам содир кардаанд, ки ин барои ширкат 38,4 миллион сомонӣ зарар овардааст.

"Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ширкати Барққи Тоҷик 15 млрд, 248,4 млн кВТ соатро ташкил дод, ки ин назар ба соли гузашта 215,6 млн.кВт соат кам мебошад. Сабаби ин маҳдуд гардидани захираҳои обӣ-энергетикӣ аз ҳисоби кам гардидани маҷрои дарёи Вахш ва вобаста ба ин ғайриимкон гардидани ҳаҷми пешбинишудаи содироти неруи барқ ба хориҷи кишвар мебошад", – гуфт Исмоилзода.

Дар умум, соли 2020 "Барқи тоҷик" дар бозори дохилӣ ба маблағи 3 млрд, 414,1 млн.сомонӣ неруи барқ фӯрухтааст, ки назар ба соли 2019 388,7 млн сомонӣ зиёд аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.