Куштори бераҳмонаи таксирон дар Душанбе бо 42 зарбаи корд: ВКД моҷаро бар сари роҳкироро рад мекунад

Кормандони милитсияи пойтахт сокини 21-солаи ноҳияи Ҷайҳунро ба гумони даст доштан дар ин куштор боздошт карданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшуда шаби 15 феврал дар кӯчаи Деҳотии пойтахт ҳангоми дар дохили автомашинаи “Хундай-Солярис” қарор доштан ба ронандаи он бо корд ҳамла мекунад. Ронандаи ин автомашина ба мусофиркашонӣ машғул будааст. “Ӯ бо бераҳмии махсус […]

Кормандони милитсияи пойтахт сокини 21-солаи ноҳияи Ҷайҳунро ба гумони даст доштан дар ин куштор боздошт карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшуда шаби 15 феврал дар кӯчаи Деҳотии пойтахт ҳангоми дар дохили автомашинаи “Хундай-Солярис” қарор доштан ба ронандаи он бо корд ҳамла мекунад. Ронандаи ин автомашина ба мусофиркашонӣ машғул будааст.

“Ӯ бо бераҳмии махсус ба узвҳои ҳаётан муҳими ронандаи 41-сола, қисми гардан, қафаси сина аз пешу қафо бо корд зиёда аз 42-маротиба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, – омадааст дар хабари ВКД.

Гуфта мешавад, дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Пештар аз шарҳи ВКД дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳое дар гардиш буд, ки гӯё ин ҳодиса бар сари роҳкирои таксӣ рух додааст, ки гумонбар аз пардохти 20 сомонӣ ҳаққи роҳкиро саркашӣ кардааст. Аммо ВКД ин фарзиро рад мекунад ва ба "Азия-Плюс" аз ин ниҳод гуфтанд, ки тафтишот далели сар задани ҳодисаро ошкор мекунад

Ба кормандони милитсия муяссар шудааст, ки гумонбар дар қатлро боздошткарда, ба ҳабс гиранд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот ҷараён дошта, мақсаду сабабҳои куштори ваҳшиёна таҳқиқ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.