Истеҳсоли барқ дар неругоҳи Роғун 53% афзуд

Date:

ШСХК “Барқи тоҷик” соли гузашта аз неругоҳи барқи обии Роғун 1 млрд 287 млн кВт\соат неруи барқ харид, хабар медиҳад ширкати энергетикӣ.

Ин нишондиҳанда 447 млн кВт\соат зиёдтар нисбат ба соли 2019 мебошад, ки дар ин сол ба “Барқи тоҷик” 840 млн кВт\соат барқ интиқол дода шуда буд.

Барқи дар неругоҳи Роғун дар соли 2020 истеҳсолшуда ба 6,5% аз ҳаҷми умумии барқи дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсолшудаи кишвар (19 млрд 770 млн кВт\соат) баробар аст.

Барои муқоиса: соли гузашта “Барқи тоҷик” аз неругоҳи “Сангтӯда-1” – ҳудуди 2,2 млрд ва”Сангтӯда-2” – 831 млн кВт\соат барқ гирифта буд.

Қобили зикр аст, ки айни замон танҳо ду агрегати неругоҳи Роғун бо иқтидори паст (100-120 МВт) кор карда, иқтидори лоиҳавии ҳар кадоме аз онҳо ба 600 МВт баробар аст.

Афзоиши босуръати исттеҳсоли барқ дар неругоҳи Роғун дар соли 2020 бо он маънидод мешавад, ки соли 2019 агрегати дуюми неругоҳ ҳамагӣ 4 моҳ кор кард, зеро моҳи сентябр ба истифода дода шуд. Агрегати якуми неругоҳ моҳи нобяри соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки имсол барои идомаи сохтмони неругоҳи Роғун аз хориҷа сармоягузорӣ ҷалб намояд.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, бо ин мақсад дар мавриди ҷалби қарз аз бонкҳои аврупоии Credit Suisse (Швейтсария) ва Landesbank Baden-Wuerttemberg (Олмон) дар ҳаҷми 340 млн евро тавофуқи пешакӣ ҳосил шудааст.

Соли 2020 барои маблағгузорӣ ба сохтмони ин иншоот 3,2 млрд сомонӣ (ҳудуди 290 млн доллар) равона гардид: 2,2 млрд сомонӣ аз ҳисоби буҷет ва 1 млрд сомонӣ аз ҳисоби захираҳои байнулмилалии кишвар.

Имсол барои идомаи сохтмони неругоҳи Роғун аз ҳисоби буҷет 2,1 млрд сомонӣ маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...