Рӯзи нахустини парвози муқаррарӣ ба Қазоқистон эълон шуд: 14-уми март

Аз 14 март парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Қазоқистон оғоз мегарданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода. “Дирӯз, 4 март Қазоқистон дар бораи барқарор намудани хатсайрҳои мунтазами ҳавоӣ байни кишварҳо қарор қабул кард. Парвози аввалин рӯзи 14 март аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии "Эйр Остона" бо самти Алмаато-Душанбе-Алмаато “анҷом дода мешавад”, – […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Аз 14 март парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Қазоқистон оғоз мегарданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

“Дирӯз, 4 март Қазоқистон дар бораи барқарор намудани хатсайрҳои мунтазами ҳавоӣ байни кишварҳо қарор қабул кард. Парвози аввалин рӯзи 14 март аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии "Эйр Остона" бо самти Алмаато-Душанбе-Алмаато “анҷом дода мешавад”, – хабар дод роҳбари Агентӣ.

Ба гуфтаи ӯ, парвозҳоро бо самти Душанбе-Алммато ва бозпас аз онҷо ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Эйр Остона” 2-парвозӣ дар як ҳафта аз ҳарду ҷониб иҷро мекунанд.

“Парвози аввалин аз ҷониби Тоҷикистон, ки ширкати “Сомон Эйр” анҷом мендиҳад, рӯзи 18 март ба нақша гирифта шудааст”, – иброз дошт Субҳонзода.

Зимнан қайд шуд, ки парвозҳо бо риояи қатъии талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ ва мутобиқи ҷадвали дар сомонаҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ нашршуда анҷом дода мешаванд.

Бо дигар кишварҳо ҳам гуфтушунид дорем

Икром Субҳонзода зикр кард, ки Тоҷикистон ҷиҳати барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ бо Ҳиндустону Қирғизистон ва Русия низ гуфтушунид дорад.

“Бо ин давлатҳо гуфтушунид ҷараён дорад ва умедворем, ки ояндаи наздик алоқаи ҳавоӣ бо онҳо барқарор мешавад. Ҳамчунин омодагиамонро ба барқарор намудани парвозҳо бо Чин изҳор кардем, лекин то ҳол аз онҳо посух нарасидааст ва масъаларо меомӯзанд”, – қайд кард ӯ.

Роҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хотиррасон намуд, ки бо мақомоти марбутаи Русия аз моҳи июни соли гузашта гуфтушунидҳо дар ин хусус ҷараён доранд.

“Ҳар ду ҷониб қарори ситоди фаврии Русияро оид ба мубориза бо коронавирус интизоранд ва агар масъала мусбат ҳал шавад, алоқаи ҳавоӣ барқарор карда мешавад”, – илова кард ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст