“Савдогар”-и раводид ба Аврупо дар пойтахт дастгир шуд

Сокини шаҳри Душанбе ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Ӯ аз одамон пул гирифта, ваъда медодааст, ки ба онҳо ба Латвия раводид (виза) гирифта медиҳад. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, як сокини пойтахт ба ШВКД-1 ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат намуда, изҳор мекунад, ки моҳи декабри соли 2020 сокини 34-солаи шаҳр бо ваъдаи ба ӯ гирифта […]

Asia-Plus

Сокини шаҳри Душанбе ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Ӯ аз одамон пул гирифта, ваъда медодааст, ки ба онҳо ба Латвия раводид (виза) гирифта медиҳад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, як сокини пойтахт ба ШВКД-1 ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат намуда, изҳор мекунад, ки моҳи декабри соли 2020 сокини 34-солаи шаҳр бо ваъдаи ба ӯ гирифта додани раводид ба Латвия 33,6 ҳазор сомонӣ маблағ гирифта, вале то ҳол на маблағашро барнагардонидаасту на раводид гирифтааст.

“Ҳамчунин ин шахс бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, барои гирифтани раводиди корт ба давлати Латвия аз ӯ 3 ҳазору 870-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст”, – қайд мешавад дар хабари ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки “фурӯшанда”-и раводидҳо боздошт шуда, аз рӯйи ҳодисаҳои дар боло зикршуда тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.