Дар Айнӣ 3 нафар зери тарма ҳалок шуданд

Бар асари фаромадани тарма дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар наздикии мавзеи Кумарғи Боло се нафар ҳалок шуданд. Ин ҳодисаи офати табиӣ дар паҳлӯи корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – «Кооперация 19» рух додааст. “Бар асари он 3 корманди корхона – сокини 51-солаи ноҳияи Айнӣ ва ду сокини 40 ва 33-солаи ноҳияи Шаҳринав ҳалок шуданд, […]

Asia-Plus

Бар асари фаромадани тарма дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар наздикии мавзеи Кумарғи Боло се нафар ҳалок шуданд.

Ин ҳодисаи офати табиӣ дар паҳлӯи корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – «Кооперация 19» рух додааст.

“Бар асари он 3 корманди корхона – сокини 51-солаи ноҳияи Айнӣ ва ду сокини 40 ва 33-солаи ноҳияи Шаҳринав ҳалок шуданд, – хабар медиҳад дафтари матбуоти КҲФ. –  Ҷасадҳо аз қабати барф берун оварда шуда, ба ихтиёри мақомоти дахлдор супурда шуд”.

Дар натиҷаи боришоти зиёди рӯзҳои охир дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон хавфи тармафароӣ ва сангреза, вазъи мушкил дар роҳҳои мошингарди кӯҳистон боқӣ мемонад.

Ба ин тариқ, тибқи маълумоти КҲФ, дар километри 550-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ ва километри 31-уми роҳи Хоруғ-Ишкошим низ ҳодисаҳои тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст.

Барои тозакунии роҳ аз ҷониби хадамоти истиофдаи роҳи Вазорати нақлиёт техникаи махсус ҷудо ва оқибатҳои тармафароӣ бартараф шуд. Айни замон роҳҳо тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт бо реҷаи муқаррарӣ ҷараён дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ боисрор дархост мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба макони хатарноки дорои хавфи тармафароӣ худдорӣ варзида, эҳтиёткориву ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.