Қирғизистон ноҳияи тоҷикнишини Сӯхро озод мекунад

Қирғизистони Ӯзбакистон бар сари ноҳияи Сӯхи тоҷикнишини Ӯзбекистон ва деҳҳаи мавриди баҳси Унгар-Тоо ба тавофуқ расидаанд. Қирғизистон гуфтааст, ки омода аст роҳро барои масирҳои нақлиётӣ ва хатсайрҳои ҳавоӣ ба Сӯх боз кунад. Ҷониби Ӯзбекистон гуфтааст, ки омода аст деҳаи Унгар-Тооро, ки солиёни зиёде ҳаст мавзуъи баҳс ва ташаннуҷи сиёсӣ миёни мардуми нуқтаҳои марзии ин ду кишвар буд […]

Asia-Plus

Қирғизистони Ӯзбакистон бар сари ноҳияи Сӯхи тоҷикнишини Ӯзбекистон ва деҳҳаи мавриди баҳси Унгар-Тоо ба тавофуқ расидаанд. Қирғизистон гуфтааст, ки омода аст роҳро барои масирҳои нақлиётӣ ва хатсайрҳои ҳавоӣ ба Сӯх боз кунад.

Ҷониби Ӯзбекистон гуфтааст, ки омода аст деҳаи Унгар-Тооро, ки солиёни зиёде ҳаст мавзуъи баҳс ва ташаннуҷи сиёсӣ миёни мардуми нуқтаҳои марзии ин ду кишвар буд ба Қирғизистон бидиҳад. 

Дар ин бора расонаҳои қирғизӣ аз қавли сухангӯйи раисҷумҳури Қирғизистон Галина Байтерек навиштаанд. Ба навиштаи расонаҳои қирғизӣ бошандагони ноҳияи Сӯх минбаъ метавонанд озодона марзи давлатиро убур кунанд.

Ба гуфтаи Байтерек ин яке аз тавофуқоти ҳосилшуда бар пайи нахустин сафари давлатии дурӯзаи Содир Ҷаборов раисҷумҳури нави Қирғизистон ба Ӯзбекистон будааст. "Масоили боқимондаи баҳсноки марзвӣ ва масъалаи аломатгузориву таъини онҳо аз сӯйи комиссияи вижа, ки аллакай чандин нишастро бо ҷониби кишвари ҳамсоя гузаронидаанд, ҳал карда мешаванд",-гуфтааст сухангӯйи Ҷаборов.

11 март Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон пас аз дидор бо Содир Ҷаборов дар брифинг ба рӯзноманигорон гуфт, ки ин ду кишвар ба тавофуқ расидаанд, ки аломатгузории марзи давлатиро то се моҳи дигар ба охир бирасонанд. 

Ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон як ноҳияи умдатан тоҷикнишин (99,2%) буда, ки дар ҳудуди вилояти Бодканди Қирғизистон дар марзи ноҳияҳои Қадамҷову Бодканд ҷойгир аст ва 135 км тӯл дорад. Ҳамчунин дар ноҳия қирғизҳову ӯзбекҳо низ ба сар мебаранд. Аҳолии ноҳия наздик ба 80 ҳазор нафар гуфта мешавад.

Ноҳияи Сӯх баъди чандин бор таъсис ёфтану барҳам хӯрдан дар замони Шӯравӣ, соли 1990 дубора дар ҳайати вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон таъсис дода шудааст ва яке аз нуқтаҳои сербаҳс дар қазияҳои марзии ин ду кишвар мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.