Раисони кумитаи амнияти Тоҷикистону Қирғизистон ба муайян кардани хати марз мепардозанд

Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хаттти марзи давлатӣ байни давлатҳо 16 март дар шаҳри Гулистон сурат мегирад. Ҳайати Тоҷикистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Саймумин Ятимов ва ҳайати кишвари ҳамсояро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев роҳбарӣ мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон. […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хаттти марзи давлатӣ байни давлатҳо 16 март дар шаҳри Гулистон сурат мегирад.

Ҳайати Тоҷикистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Саймумин Ятимов ва ҳайати кишвари ҳамсояро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев роҳбарӣ мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки қаблан комиссияи мазкурро муовинони сарвазири кишварҳо сарварӣ мекарданд.

Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр аст. То кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хатти марзро бикашанд.

Баъзан дар ҳамин минтақаҳо ва барои тақсими обу замин ва чарогоҳ ҷанҷолу тирандозӣ сурат мегирад ва то кунун чандин нафар аз ду тараф куштаву захмӣ шудаанд.

Имрӯз шаҳрҳои Исфара зиёда аз 136 километр, Конибодом 46 километр, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 36 километр, Ҷаббор Расулов 51 километр, Спитамен 14 километр, Деваштич 69,2 километр ва Кӯҳистони Мастчоҳ 169,8 километр бо Қирғизистон хатти марз доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.