Дар Истаравшан нусхаи рамзи Наврӯзи Душанбе гузошта шуд

Date:

Дар майдони марказии шаҳри Истаравшан нусхаи рамзи наврӯзии Душанбе – суманакро гузоштанд.

Баландии суманак дар Истаравшан 11 метрро ташкил медиҳад, ки 19 метр пасттар аз суманаки пойтахт мебошад, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан.

Дар хабари хадамоти матбуот дар бораи аз кадом ҳисоб сохта шудани суманаки наврӯзӣ хабар дода намешавад.

Насби рамзи наврӯзӣ дар Душанбе на аз ҳисоби ҳукумат, балки аз ҳисоби соҳибкорон ба таври ихтиёрӣ сурат гирифт. Паҳноии ин рамзи наврӯзӣ 16 метр ва баландиаш – 30 метр аст.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати шаҳри Исфара ният дорад, ки Хонаи маданияти ҷамоати Ворухро ба Қасри фарҳанг табдил диҳад.

Тавре хадамоти матбуоти раиси шаҳри Исфара хабар медиҳад, барои таъмиру навсозии иншооти мазкур аз буҷети вилояти Суғд ҳудуди 12 млн сомонӣ ҷудо шудааст.

Пас аз таъмиру навсозӣ Қасри фарҳанг бузургтарин дар Исфара хоҳад буд. Дар он ба ҷуз толори тамошобинон бо 650 ҷойи нишаст, идораи САҲШ-и маҳаллӣ, китобхона, кошонаи ҳусн ва маҳфилҳои гуногун ҷойгир мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...