Дар Тоҷикистон имсол ҳудуди 1,5 млн тонна ҳосили картошка гирифтанианд

Дар Тоҷикистон имсол майдони кишти картошкаро то 71 ҳазор гектар расониданианд. Аз ин миқдор дар майдони 58 ҳазор гектар кишти асосӣ гузаронида мешавад. Дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ пешбинӣ мекунанд, ки ба ҳисоби миёна агар аз ҳар як гектар зиёда аз 20 тонна картошка ҷамъоварӣ шавад, ҳосил наздики 1,5 млн тоннаро ташкил медиҳад. Майдони кишт аз […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон имсол майдони кишти картошкаро то 71 ҳазор гектар расониданианд. Аз ин миқдор дар майдони 58 ҳазор гектар кишти асосӣ гузаронида мешавад.

Дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ пешбинӣ мекунанд, ки ба ҳисоби миёна агар аз ҳар як гектар зиёда аз 20 тонна картошка ҷамъоварӣ шавад, ҳосил наздики 1,5 млн тоннаро ташкил медиҳад. Майдони кишт аз ҳисоби заминҳои зироати ғалладона ва растаниҳои хӯроки чорво киштшуда зиёд карда мешавад, зеро аз картошка дар кишти такрорӣ ҳам ҳосил ба даст овардан имкон дорад.

Барои ноил гардидан ба ин ҳадаф ҷумҳурӣ воридоти тухмии картошкаро зиёд ва ба мутобиқгардонии онҳо ба шароити маҳал оғоз намуд, то ки минбаъд тухмии худро зиёд кунад.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, давоми соли 2021 воридоти тухмии картошка аз Беларус дар ҳаҷми зиёда аз 1 ҳазор тонна ба нақша гирифта шудааст.

Соли 2020 аз Русия ба Тоҷикистон 526 тонна тухмии картошкаи навъҳои «Рэд Скарлетт» ва «Бигроза» ворид шуд. Онҳо аз ҷониби шарикони Вазорати кишоварзӣ оид ба рушд ва соҳибкорони ватанӣ оварда шуд. Ғайр аз ин, 35,5 тонна тухмии картошкаи “Пикассо” харида шуд. Он ба хоҷагиҳои ноҳияи Рашт ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ дода шуд.

Қисмате аз тухмиҳо ҷиҳати муайян кардани қобилияти онҳо ба нашъунамо ва устуворӣ ба иқлим ихтиёри ба Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Донишгоҳи аграрии ба номи Шотемур супурда шуд.

Ҳамчунин дар Тоҷикистон бисёр вақт картошкаи навъи голландӣ парвариш ёфта, истеҳсолкунандагон аллакай дар хоҷагиҳои худашон тухмӣ тайёр мекунанд.

Қаблан вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Сулаймон Зиёзода изҳор дошта буд, ки соли 2020 зиёда аз 1 млн тонна ҳосили картошка ҷамъоварӣ шуда, лекин ин миқдор кофӣ нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.