Тоҷикистон пас аз коҳиши босуръат моҳи январ савдои хориҷиро барқарор кард

Ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ 1 млрд 72 млн долларро ташкил дод, ки 7,6% (76 млн доллар) зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Қобили зикр аст, ки дар муқоиса бо моҳи январи соли 2020 моҳи январи имсол ҳаҷми муомилоти моли хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ 1 млрд 72 млн долларро ташкил дод, ки 7,6% (76 млн доллар) зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Қобили зикр аст, ки дар муқоиса бо моҳи январи соли 2020 моҳи январи имсол ҳаҷми муомилоти моли хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 40% поин рафт.

Касри тавозуни савдо (зиёд будани воридот нисбат ба содирот) тӯли 2 моҳи аввали соли равон 498 млн долларро ташкил дод.

Моҳҳои январ феврали соли 2021 ҳаҷми содироти молу маҳсулот 518 млн долларро ташкил дод, ки 16,9% зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аст.

Имсол содироти мошину таҷҳизот (19,2 баробар), маҳсулоти нассоҷӣ ва маснуот аз он (24,6% ё худ 11,1 млн доллар), сангу фулузот (металлҳо)-и қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо (16,3%) зиёд шуд.

Шарикони асосӣ оид ба содирот ин кишварҳо мебошанд: Швейтсария – 67,8% (аз ҳаҷми умумии содирот), Туркия – 9,1%, Қазоқистон – 8,9%, Ӯзбекистон – 2,7%, Чин – 2,1%, Афғонистон – 2,0%, Русия – 1,6%.

Дар ин давра ба ҷумҳурӣ ба маблағи 554 млн доллар молу маҳсулот ворид шуд, ки 0,8% зиёдтар нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли 2020 мебошад.

Нисбатан бештар воридоти мошину таҷҳизот (1,7 баробар), пойафзол, сарпӯшҳо ва ғайра (1,6 баробар), равғани ҳайвонот ва растанӣ (32,1%), маснуот аз сангу гач ва семент (30,1%) зиёд шуд.

Воридоти молу маҳсулот асосан аз кишварҳои зерин сурат гирифт: Русия – 24,2% (аз ҳаҷми умумии воридот), Қазоқистон – 23,8%, Чин – 13,7%, Ӯзбекистон – 9,9%, Олмон – 4,4%, Туркия – 3,7%, Швейтсария – 2,4%,Ҷопон – 2,1% ва Эрон – 1,5%.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.