Наздик ба ними корҳои сохтмонро дар Тоҷикистон давлат маблағгузорӣ мекунад

Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ва сармояи асосӣ давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ҳудуди 1,6 млрд сомониро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон. Дар сохтори маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 47,5% ба давлат, 33,8% – ба бахши хусусии дохилӣ, 17,1% – ба сармоягузориҳои хориҷӣ ва 1% – ба маблағгузории муштарак рост меояд. Зиёда аз 54%-и […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ва сармояи асосӣ давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ҳудуди 1,6 млрд сомониро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Дар сохтори маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 47,5% ба давлат, 33,8% – ба бахши хусусии дохилӣ, 17,1% – ба сармоягузориҳои хориҷӣ ва 1% – ба маблағгузории муштарак рост меояд.

Зиёда аз 54%-и сармоягузориҳо ба сохтмони иншооти истеҳсолӣ, аз ҷумла 35% – ба бунёди иншооти энергетикӣ равона мешавад.

Тӯли 2 моҳ дар сохтмони иншооти соҳаи энергетика 537 млн сомонӣ маблағҳо азхуд шудааст, ки 24% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Ҳиссаи иншооти ғайриистеҳсолӣ ҳудуди 46%-ро ташкил медиҳад. Инҳо иншооти соҳаи идоракунии давлатӣ ва мудофиа, маориф ва тандурустӣ, меҳмонхонаву тарабхона ва дигар иншоот мебошанд.

Давоми моҳҳои январ-феврали соли 2021 бо майдони умумии 108,9 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода шуд, ки ба нишондиҳандаи 76,3% ба ҳамин давраи соли гузашта баробар аст.

Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 2 моҳи соли ҷорӣ 1,1 млн метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст, ки 24% камтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Ҳамчунин имсол дар вилояти Хатлону ВМКБ ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар вилоятҳои Хатлону Суғд 8 бунгоҳи тиббӣ мавиди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун аз калонтарин иншооти сохтмон дар ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, маблағгузории он танҳо аз ҳисоби давлат: буҷети давлатӣ ва фурӯши фулузот (металлҳо)-и қиматбаҳо таъмин мегардад.

Маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷет барои сохтмони неругоҳи Роғун дар соли ҷорӣ дар ҳаҷми 2,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, ҳукумат ният дорад, ки барои идомаи сохтмони неругоҳ сармоягузории хориҷиро низ ҷалб намояд.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, доир ба масъалаи ҷалби қарз аз бонкҳои аврупоии Credit Suisse (Швейтсария) ва Landesbank Baden-Wuerttemberg (Олмон) ба маблағи 340 млн евро созиши пешакӣ ҳосил шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.