Қолинҳои Қайроққум бо 30% тахфиф фурӯхта мешаванд

Дар шаҳри Душанбе аз 1 апрел Намоиш-фурӯши маҳсулотҳои қолинии истеҳсоли ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» оғоз гардида, он то 4 апрели соли равон дар Филармонияи давлатӣ идома меёбад. Ба иттилои бахши котиботи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур тарғибу ташвиққ ва муаррифии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ба шаҳрвандон аст. Гуфта мешавад, дар ин […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе аз 1 апрел Намоиш-фурӯши маҳсулотҳои қолинии истеҳсоли ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» оғоз гардида, он то 4 апрели соли равон дар Филармонияи давлатӣ идома меёбад.

Ба иттилои бахши котиботи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур тарғибу ташвиққ ва муаррифии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ба шаҳрвандон аст.

Гуфта мешавад, дар ин чорабинӣ то 30 % тахфиф барои харидории ҳар як қолин пешбинӣ карда шудааст.

Зикр мегардад, ки ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» яке аз истеҳсолкунандаи бузурги маҳсулоти қолинӣ дар кишвар ба шумор рафта, парки технологиии корхона бо дастгоҳҳои истеҳсоли ширкатҳои Олмон, Белгия, Фаронса, Италия, Туркия ва Эрон азнавмуҷаҳҳазгардонӣ карда шудааст.

Ҳоло дар корхона 10 намуди қолинҳои патдор («Азата», «Визион», «Симин», «Суғдиёна», «Шоҳаншоҳ», «Мароқанд», «Роҳгард», «Тафтинг» ва «Суғдиёна Голд»), 4 намуд қолинҳои тафтингӣ бо истифода аз 200 нақшу нигор истеҳсол гардида истодааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.