Таъсиси Шӯрои кории Тоҷикистону Афғонистон

Date:

Дар чаҳорчӯби сафари президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ 29 март байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи саноату боигариҳои зеризаминии Афғонистон Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои кории Тоҷикистону Афғонистон ба имзо расид.

Шӯрои корӣ бо мақсади мусоидат ба рушду тавсеъаи робитаҳои корӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд байни соҳибкорони тоҷику афғон, инчунин муттаҳид кардани талошҳо ва роҳандозии муколамаи доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Афғонистон, ки ба рушди тадриҷӣ ва беҳбуди ҳамкорӣ байни кишварҳо манфиатдоранд, таъсис дода мешавад.

Айни замон ҷонибҳо дар мавриди ташкили гурӯҳҳои кории Шӯро, инчунин баргузории ҷаласаи аввалини Шӯрои корӣ тадбирҳо рӯйи даст гирифтаанд.

Интизор меравад, ки фазои Шӯрои кории мазкур ба рушди савдои наздисарҳадӣ миёни кишварҳо низ мусоидат хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...