Гумонбарии 2 корманди неругоҳи Норак ба тасарруфи маблағи ниҳоят зиёд

Нисбати 2 корманди неругоҳи барқи обии Норак аз рӯйи далели тасарруфи маблағи ниҳоят зиёд парвандаи ҷиноятӣ боз шуд, хабар медиҳад Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентӣ, дар ҷараёни санҷиши фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории неругоҳи Норак бо супориши директори Агентии зиддифасод Сулаймон Султонзода, амалҳои ғайриқонунии шахсони масъули […]

Asia-Plus

Нисбати 2 корманди неругоҳи барқи обии Норак аз рӯйи далели тасарруфи маблағи ниҳоят зиёд парвандаи ҷиноятӣ боз шуд, хабар медиҳад Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентӣ, дар ҷараёни санҷиши фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории неругоҳи Норак бо супориши директори Агентии зиддифасод Сулаймон Султонзода, амалҳои ғайриқонунии шахсони масъули моддии неругоҳ Олга Шишпарегнко ва Лутфулло Раҳматулооев ошкор шудааст.

“Дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки онҳо ба воситаи 38 корти пластикӣ музди меҳнати кормандонро ба маблағи умумии 2 млн. 383,1 ҳазор сомонӣ тасарруф намудаанд”, – омадааст дар маълумоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, аз маблағи зарари ошкоркардашуда дар рафти санҷиш 1 млн. 818,5 ҳазор сомонии он барқарор карда шуд.

Зикр мегардад, ки нисбат ба шахсони дар боло зикршуда мутобиқи моддаҳои 245, қ.4 (Азонихудкунӣ ё камомад) ва 323 (Сохтакории хидматӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар ин моддаҳо маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 15 сол бо надоштани ҳаққи ишғоли вазифаҳои муайян ё машғл шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.