Сафири Эрон: Паёми эътидолии Саъдӣ посӯхгӯйи хушунату ифроти дунёи имрӯз аст

Сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ зимни як паёми табрикӣ ба муносибати Рӯзи Саъдӣ, ки ҳамасола 21-уми апрел таҷлил мешавад, гуфтааст, ки "бидуни шак паёмҳои эътидолӣ, инсондӯстона ва ахлоқмеҳвари Саъдӣ посухгӯи ҷаҳони окандаву хаста аз хушунату ифротгароии имрӯз аст". Собирӣ аз Саъдии Шерозӣ ба унвони яке аз панҷ шоири тирози аввали забони форсӣ ном бурда, […]

Asia-Plus

Сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ зимни як паёми табрикӣ ба муносибати Рӯзи Саъдӣ, ки ҳамасола 21-уми апрел таҷлил мешавад, гуфтааст, ки "бидуни шак паёмҳои эътидолӣ, инсондӯстона ва ахлоқмеҳвари Саъдӣ посухгӯи ҷаҳони окандаву хаста аз хушунату ифротгароии имрӯз аст".

Собирӣ аз Саъдии Шерозӣ ба унвони яке аз панҷ шоири тирози аввали забони форсӣ ном бурда, гуфтааст ин рӯзро ба тамоми алоқамандони Саъдии бузург, ба вежаи ҳамватанони эронӣ ва мардуми ҳамкешу ҳамтабори тоҷик ва ҳамаи асҳоби адаб, ҳунар, фарҳангу маърифат табрик мегӯям.

"Ин шоир ва нависандаи бузурги порсигӯйи эронӣ бо ашъор ва насри зебову фасеҳ, андешаҳои сутург ва маорифи инсонӣ ва исломиро ба ҷаҳон арза ва то абад ҷовидона шуд. Саъдӣ бидуни тардид яке аз панҷ шоири тирози аввали забони порсӣ аст, ки чаҳортани дигарро касоне ҳамчун Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Мавлавӣ  ва Ҳофиз  ташкил медиҳанд", – гуфтааст сафири Эрон.

Ин дипломати эронӣ гуфтааст, ки густурдагӣ ва гуногунии осори Саъдӣ ӯро дар таърих ба унвони яке аз суханварони бузург маъруф карда, "ҳузури ҳамешагии вай дар миёни мардуму омезиши ӯ бо гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоъ, он ҳам ҷомеае фаротар аз марзҳои Эрон ва ҳатто маҳдудаи ҷуғрофиёии порсизабонон, таҷорибу огоҳие дар пай дошта ва ҳаловате ба каломи Саъдӣ бахшида, ки ҳеҷ гӯше онро бегона намеёбад ва ҳамагон шефтаву маҷзуби он  мешаванд".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.