Душанбеву Тошканд омодагиҳоро барои сафари Мирзиёев оғоз карданд

Лоиҳаи санадҳое, ки тибқи натиҷаҳои сафари сарвари давлати Ӯзбекистон ба Душанбе аз имзои онҳо интизорӣ меравад, бо иштироки муовинони вазирони сохтори иқтисодии ҳукумати ҳар ду кишвар омода мешавад. Имрӯз, 21 апрел як гурӯҳи сершумори намояндагони ҳукумати Ӯзбекистон дар ҳайати муовинони вазирони сохтори иқтисодии ҳукумати Ӯзбекистон ба Душанбе омаданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Лоиҳаи санадҳое, ки тибқи натиҷаҳои сафари сарвари давлати Ӯзбекистон ба Душанбе аз имзои онҳо интизорӣ меравад, бо иштироки муовинони вазирони сохтори иқтисодии ҳукумати ҳар ду кишвар омода мешавад.

Имрӯз, 21 апрел як гурӯҳи сершумори намояндагони ҳукумати Ӯзбекистон дар ҳайати муовинони вазирони сохтори иқтисодии ҳукумати Ӯзбекистон ба Душанбе омаданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

“Меҳмонон ҳамроҳи ҳамтоёни тоҷики худ ба корҳои омодакунии лоиҳаи санадҳо, ки аз рӯйи натиҷаҳои сафари сарвари давлати Ӯзбекстон ба Душане аз имзояшон интизорӣ меравад, оғоз мекунанд”, – гуфт манбаъ.

Дар баробари ин, ҳайати ҳукумати кишварҳо масоили густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии дуҷонибаро баррасӣ хоҳанд кард.

Сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов 24 апрел дар Хуҷанд вохӯрда, ҷараёни корҳои омодагиро ба сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, инчунин маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳо байни кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз 10 то 12 апрел бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад. Ин чорумин сафари Мирзиёв ба Тоҷикистон ба сифати президенти кишвари ҳамсоя мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.