Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 10 то 12 июн бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ. Сарони кишварҳо ният доранд, ки дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар тамоми соҳаҳо баррасӣ намуда, инчунин ҷараёни иҷрои қарордодҳои қаблан ҳосилшударо мавриди таҳлил қарор диҳанд. […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 10 то 12 июн бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Сарони кишварҳо ният доранд, ки дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар тамоми соҳаҳо баррасӣ намуда, инчунин ҷараёни иҷрои қарордодҳои қаблан ҳосилшударо мавриди таҳлил қарор диҳанд.

Дар назар аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои сафари сарвари давлати Ӯзбекистон ба Тоҷикистон байни Душанбе ва Тошканд бастаи нави созишномаҳо дар соҳаҳои нақлиёту энергетика, тиҷорату молия, бахши кишоварзӣ ва фарҳангу илм ба имзо расад.

Дар доираи сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе инчунин таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” консерти муштараки устодони санъати ҳар ду кишвар баргузор мешавад.

Қаблан Шавкат Мирзиёев моҳи марти соли 2018 бо сафари давлатӣ, сипас охири моҳи сентябри соли 2018 (иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ), баъдан 14 июни соли 2019 (иштирок дар нишасти 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё) ба Тоҷикистон ташриф оварда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.