Баррасии сохтмони қитъаи нави роҳи оҳан байни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 21 апрел вохӯрии ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба соҳаи нақлиёт доир гардид, ки дар он кормандони масъули хадамоти гумрук ва сарҳадбонии ҳар ду кишвар иштирок карданд. Тавре дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни ҷаласа ҳайатҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 21 апрел вохӯрии ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба соҳаи нақлиёт доир гардид, ки дар он кормандони масъули хадамоти гумрук ва сарҳадбонии ҳар ду кишвар иштирок карданд.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни ҷаласа ҳайатҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, доир ба масоили рушди долони нақлиётии “Ӯзбекистон – Тоҷикистон – Чин”, барқарорсозии фаъолияти гузаргоҳи байнисарҳадии “Ҳаштяк – Бекобод”, электрификатсиякунони қитъаи роҳи оҳани “Бекобод (Ӯзбекистон) Спитамен – Истиқлол (Тоҷикистон), сохтмони роҳи оҳани нав дар қитъаи “Панҷакент (Тоҷикистон) – Булунғур/Ҷамбой (Ӯзбекистон), зиёд намудани ҳаҷми боркашонии транзитӣ тавассути роҳи оҳан қитъаи “Бекобод – Истиқлол” ва дигар масъалаҳои ҷойдошта тавофуқ ҳосил шуд.

Зикр мегардад, ки дар натиҷа, бо мақсади густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, инчунин андешидани тадбирҳо дар ҳамбастагӣ, аз тарафи ҷонибҳо протоколи дахлдор  ба имзо расид.

Ёдрас мекунем, ки 21 апрел як гурӯҳи сершумори намояндагони ҳукумати Ӯзбекистон дар ҳайати муовинони вазирони сохтори иқтисодии ҳукумати Ӯзбекистон ба Душанбе омаданд. Меҳмонон ҳамроҳи ҳамтоёни тоҷики худ ба корҳои омодакунии лоиҳаи санадҳо, ки аз рӯйи натиҷаҳои сафари сарвари давлати Ӯзбекстон ба Душанбе аз имзояшон интизорӣ меравад, оғоз мекунанд.

Сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов 24 апрел дар Хуҷанд вохӯрда, ҷараёни корҳои омодагиро ба сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, инчунин маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳо байни кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.