Таваҷҷуҳи ширкати швейтсарӣ ба пахтаи Тоҷикистон

Роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон 26 апрел бо намояндагони ширкати швейтсариягии «Rieter»-и Швейтсария дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои бахши котиботи Вазорат, мақсад аз баргузории ин вохӯрӣ густариши ҳамкориҳо байни корхонаҳои коркарди пахта ва нахи пахта бо ширкати мазкур, роҳҳои дастрас намудани технологияҳои пешқадами коркарди нахи пахта ва имкониятҳои мавҷуда дар ин самт […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон 26 апрел бо намояндагони ширкати швейтсариягии «Rieter»-и Швейтсария дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои бахши котиботи Вазорат, мақсад аз баргузории ин вохӯрӣ густариши ҳамкориҳо байни корхонаҳои коркарди пахта ва нахи пахта бо ширкати мазкур, роҳҳои дастрас намудани технологияҳои пешқадами коркарди нахи пахта ва имкониятҳои мавҷуда дар ин самт маҳсуб меёбад.

Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ роҳбарон ва намояндагони як қатор корхонаҳои пахтатозакунӣ, ресандагӣ ва истеҳсоли ҷӯроб иштирок намуда, мубодилаи маълумоти дахлдор сурат гирифт.

Ҳамчунин боздиди намояндагони ширкати «Rieter» аз як қатор корхонаҳои болозикр ва шиносоии наздики онҳо бо фаъолияти ин корхонаҳо дар назар аст.

Зикр мегардад, ки ширкати «Rieter» яке аз истеҳсолкунандаи бузурги дастгоҳҳои ресандагӣ бо маҷмӯи қисмҳои эҳтиётӣ ва дастгоҳҳои ёрирасон дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Ширкат дорои 15 корхонаҳои истеҳсолӣ дар кишварҳои гуногуни олам мебошад, ки дар он ҷо наздики 5000 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд. Корхонаи фаръии ин ширкат – «Rieter Uzbekistan» аз соли 2011 дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон фаъолият мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.