Дар Тоҷикистон минбаъд нотариусҳо маълумоти шубҳаангезро ба ҳукумат хабар медиҳанд

Вазири адлияи Тоҷикистон мутмаин аст, ки ин тадбир ба тақвияти муқовимат бо маблағҳои тариқи ҷинояткорӣ бадастомада ва пешгирии маблағгузорӣ ба терроризм мусоидат мекунад. Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 28 апрел аз тағйироти пешниҳодкардаи ҳукумат ба қонун “Дар бораи нотариати давлатӣ” якдилона ҷонибдорӣ намуд. Зимни суханронӣ оид ба ин масъала назди вакилон вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазири адлияи Тоҷикистон мутмаин аст, ки ин тадбир ба тақвияти муқовимат бо маблағҳои тариқи ҷинояткорӣ бадастомада ва пешгирии маблағгузорӣ ба терроризм мусоидат мекунад.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 28 апрел аз тағйироти пешниҳодкардаи ҳукумат ба қонун “Дар бораи нотариати давлатӣ” якдилона ҷонибдорӣ намуд.

Зимни суханронӣ оид ба ин масъала назди вакилон вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашӯриён изҳор дошт, ки мувофиқи тағйирот, нотариусҳои кишвар ба додани маълумот ба ҳукумат дар бораи муомилоти амволӣ, ки маблағашон ба 1750 нишондиҳанда барои ҳисоб ё аз он зиёдтаранд, уҳдадор мешаванд.

Ғайр аз ин, нотариусҳо минбаъд уҳдадор мешаванд, ки ба ҳукумат дар бораи муомилоти вобаста ба амволи ғайриманқул ва коғазҳои қимтаноки маблағашон баробар ба 12500 нишондиҳанда ё зиёдтар аз он маълумот диҳанд.

Ёдрас мекунем, ки соли равон маблағи 1 нишондиҳанда барои ҳисоб дар Тоҷикистон 60 сомониро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи вазир, тағйирот зидди қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷинояткорӣ бадастомада ва пешгирии маблағгузорӣ ба терроризм равона шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.