Беш аз 70 зану кӯдаки чоркӯҳиро ба хобгоҳи Донишгоҳи технологӣ дар Исфара кӯчониданд

Беш аз 70 зану кӯдаки ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфароро аз минтақаи осебпазир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар хобгоҳи филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ҷоба ҷо кардаанд. Дар ҳоли ҳозир ба онҳо ёрии аввалия расонида мешавад. Дар ин бора муовини декани ин донишкада ба “Азия-Плюс” хабар дод.  “Мо занону кӯдакони Чоркӯҳро, ки аз минтақаи даргирӣ […]

Asia-Plus

Беш аз 70 зану кӯдаки ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфароро аз минтақаи осебпазир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар хобгоҳи филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ҷоба ҷо кардаанд. Дар ҳоли ҳозир ба онҳо ёрии аввалия расонида мешавад. Дар ин бора муовини декани ин донишкада ба “Азия-Плюс” хабар дод. 

“Мо занону кӯдакони Чоркӯҳро, ки аз минтақаи даргирӣ кӯчонида баданд дар хобгоҳи филиали донишгоҳ ҷойгир кардем. Барои онҳо маҳсулот ва ашёи ниёзи аввал муҳайё шудааст. Дар ҳоли ҳозир онҳо ба чизе ниёз надоранд, вале агар дар ояндаи наздик чизе иловагие лозим шавад, мо ҳатман барои кӯмак муроҷиат хоҳем кард”, – афзуд манбаъ.

Аммо то кунун шумораи дақиқи мардуми кӯчонидашуда аз мавзеъҳои осебпазир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дақиқ нест. Мақомот гуфтаанд, ки кӯчонидани мардум ба хотири пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ аст ва ин ҳеч гуна кӯчонидани муташаккилона нест, балки каме ба ҷойҳои бехафтар рафтани мардум аст.

Аз чӣ гуна айни замон ҷараён доштани вазъ дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон аз нашри зиндаи мо маълумоти бештар пайдо карда метавонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.